Нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ёфт?

Сол гузашта нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон тағйир ёфт. Қисме аз маҳсулот гарон шуда, қимати маҳсулоти дигар бетағйир монд ва ҳатто баъзе маҳсулот арзон шуд. Аз ҷумла, нархи картошка дар сатҳи пешин – 5-7 сомонӣ барои 1 кг боқӣ монд. Дар ҳамин ҳол, пиёз ва сабзӣ тақрибан 1 сомонӣ гарон шуда, 1 кг карам акнун 5-7 сомонӣ фурӯхта мешавад. […]

Asia-Plus

Сол гузашта нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон тағйир ёфт. Қисме аз маҳсулот гарон шуда, қимати маҳсулоти дигар бетағйир монд ва ҳатто баъзе маҳсулот арзон шуд.

Аз ҷумла, нархи картошка дар сатҳи пешин – 5-7 сомонӣ барои 1 кг боқӣ монд. Дар ҳамин ҳол, пиёз ва сабзӣ тақрибан 1 сомонӣ гарон шуда, 1 кг карам акнун 5-7 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Аз меваҳо ба таври назаррас нархи анор поин рафт – то 18-28 сомонӣ барои 1 кг (1 сол пеш – 25-30 сомонӣ). Себу ангур ба сурати умум бо нархҳои пешина фурӯхта шуда, ҳамзамон лимӯ (лимон) гарон ва ҳоло 1 килограммаш 20-25 сомонӣ нарх дорад.

Дар нархи аксари маҳсулот тағйироти чашмрас ба назар нарасид. Орду макарон, биринҷу шакар ва шир бо ҳамон нархҳое, ки як сол пеш фурӯхта мешуд, фурӯхта шуд. Дар ҳамин ҳол, нархи тухм то 1,3-1,5 сомонӣ барои 1 дона боло рафт. Арзиши 1 литр равғани растанӣ то 16-20 сомонӣ зиёд шуд.

Соли гузашта бештар гӯшт гарон шуд. Нархи 1 кг гӯшти гов то 95-110 сомонӣ ва гӯшти мурғ – то 34-43 сомонӣ боло рафт. Дар маҷмӯъ, соли 2026 болоравии нарх бештар ба гӯшт ва маҳсулоти ҷудогонаи воридотӣ дахл карда, ҳамзамон дар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тағйироти ҷиддӣ ба мушоҳида нарасид.

Бо қимати маҳсулоти хӯрока ва муқоисаи арзиши онҳо, дар баргаҳои мо маълумоти бештар гиред. 

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.