Мақомоти Тоҷикистон барои таъмир ё бозсозии роҳи мушкилгузари Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, ки солҳо боз таъмирталаб буд, бо як ширкати “NARCO” – и Кувайт шарнома бастаанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дирӯз, 13-уми январ, дар хабаре гуфт, созишмнома байни ин ниҳод ва ширкати мазкур рӯзи 29-уми декабри соли 2025 имзо шуда буд ва аз 12 январи соли 2026 эътибор пайдо кард.
Ба иттилои манбаъ, дарозии роҳ 162 км аст ва сохтмони он дар ду қисмат, аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дарозии 80 км ва аз он аз маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то деҳаи Деҳҳисори ин ноҳия бо дарозии 82 км тӯл ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, ба қавли ин ниҳод, тибқи нақша дар ин роҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар дар назар аст. Вале гуфта нашудааст, ки бунёди ин роҳ кай оғоз шуда, чӣ замоне ба анҷом мерасад.
Танҳо зикр шудааст, ки ширкати машваратии "NARCO"-и Кувайт ҳамроҳ бо "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ – ПЛИН"-и Вазорати нақлиёт ба таҳияи лоиҳаи роҳ шуруъ кардаанд.
Ба иттилои расмӣ, роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ солҳои 60-уми қарни гузашта сохта шуда, сокинони ин ду ноҳияро ба маркази кишвар мепайвандад. Вале аз замони бунёд то имрӯз ин роҳ ягон маротиба пурра таъмир нашудааст.
Роҳи мазкур чанд минтақаи осебпазир дорад, ки дорои обҳои зеризаминӣ буда, пайваста дар ҳолати лағжиш қарор доранд.
Роҳи мазкур соли 2015 ба роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ табдил ёфт ва ба дастабандии (категорияи) V роҳҳои автомобилгард дохил карда шуд. Ҳаракат дар он, бахусус дар фасли зимистон душвор ва хатарнок аст.
Мақомот қаблан гуфта буданд, ки лоиҳаи бундёи роҳро омода кардаанд ва бо дарёфти сармоягузор ба сохтмони он шуруъ мекунанд. Қаблан, лоиҳакашии таъмири куллии ин роҳ оғоз шуда буд.
Қарор аст дар соли 2026 дар кишвар 300 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта бунёд шавад.


