Шикасти футзалбозону пирӯзии футболбозони Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Қирғизистон шикаст хӯрд. Набарди дастаҳо рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Ҷакартаи кишвари Индонезия сурат гирифта, бо натиҷаи 4:2 ба нафъи қирғизистониҳо анҷом ёфт. Шогирдони Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии кишвар дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 ду бозии санҷишии дигар бо Индонезия (18 январ) ва […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Қирғизистон шикаст хӯрд. Набарди дастаҳо рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Ҷакартаи кишвари Индонезия сурат гирифта, бо натиҷаи 4:2 ба нафъи қирғизистониҳо анҷом ёфт.

Шогирдони Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии кишвар дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 ду бозии санҷишии дигар бо Индонезия (18 январ) ва Арабистони Саудӣ (20 январ) анҷом медиҳанд. Ин рақобатҳо ҳам дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд.

Тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия сурат мегирад, дар гурӯҳи “С” бо Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.

Ҳамчунин, дирӯз наврасони футболи тоҷик ҳамсолони иморотии худро шикаст доданд.

 

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили тими миллии наврасони Имороти Муттаҳидаи Арарбӣ ғалаба кард. Ин дидор рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Дубай сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони навраси тоҷик поён ёфт. Голи ягонаи дастаи моро Муҳаммад Мираҳмадов зад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали санҷишӣ дар шаҳри Дубай наврасони тоҷик ҳамсолони худ аз Арабистони Саудиро мағлуб карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.