Тоҷикистон дар рӯйхати самтҳои содироти Гурҷистон мақоми 10-умро касб карда, ҳаҷми содиротро то ба 179 млн доллар ё худ 431% ва содирот ё худ содироти дубораи автомашинаҳоро тариқи кишвари сеюм (реэкспорт) – то ба 568% расонидааст.
Тавре ки сомонаи Bizzone.info хабар медиҳад, миёни молу маҳсулоти содиротии Гурҷистон дар соли 2025 Тоҷикистон афзоиши зиёдро нишон додааст.
Пас аз Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон, Тоҷикистон боз яке аз кишварҳои минтақа шудааст, ки ба 10-гонаи бозорҳои бузургтарини содирот бо ҳиссаи 2,5% дохил шудааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, сарфи назар аз афзоиши содироти дубора и автомашинаҳо аз Гурҷистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз оғози ҷанг байни Русия ва Украина дар соли 2022, солҳои 2023 ва 2024 содирот ба Тоҷикистон начандон назаррас буд.
Аммо дар соли 2025 автомобилҳо 90%-и содирот аз Гурҷистон ба Тоҷикистонро ташкил дода, ба омили аслии болоравии содирот мусоидат кардаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 ба маблағи 162,29 млн доллар 7592 автомобил фурӯхта шудааст, ки ба 6,5 баробар афзоиши содирот баробар аст.
Содироти автомашинаҳо ба Тоҷикистон солҳои пешин низ сурат мегирифтанд, лекин онҳо устувор буданд. Дар соли 2025 бошад, он якбора ба андозаи 568% афзуд.
Дигар молу маҳсулоте, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон содир мешаванд, дар ҳаҷми умумии он ҳиссаи хеле камро ташкил медиҳанд.
Ба панҷгонаи аввали маҳсулоти содиротӣ автомашинаҳои сабукрав ба маблағи 162,2 млн доллар (7592 адад), маводи дорувории бастабандишуда ба маблағи 4,8 млн доллар (165 тонна), сианидҳо (маводи кимиёвӣ) ба маблағи 2,8 млн доллар (1045 тонна), лимонадҳо ба маблағи 1,3 млн доллар (934 344 литр), оби минералӣ ва бегаз ба маблағи 1,3 млн доллар (1 333 231 литр) шомиланд.
Дар навбати худ, Гурҷистон аз Тоҷикистон бо арзиши ҳадди ақалл (минималӣ) молу маҳсулот мехарад. Соли 2025 ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон 996 ҳазор долларро ташкил додааст.
Воридот ба ин кишвар аз ҷумҳурии мо асосан аз бодоми заминӣ (арахис) ва дигар навъи чормағз ба маблағи 778 ҳазор доллар, сарулибоси нигоҳдошташуда ба маблағи 103 ҳазор доллар, маводи доруворӣ дар бастаҳо ба маблағи 42 ҳазор доллар иборат аст.


