Ба сари қудрат омадани “Толибон” бозори чормағзи Мастчоҳро “касод кардааст”

Ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон* дар Афғонистон, боиси касод шудани бозори чормағзи заминӣ (арахис)-и кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ шудааст. Ин нуктаро Аъзам Ализода, раиси ин ноҳия рӯзи 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ баён кард. Ба иттилои ӯ, то омадани “Толибон” ба сари қудрат, 20-30%-и чормағзи заминии ин ноҳия ба Афғонистон ва ё тариқи ин кишвар ба Эрон […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон* дар Афғонистон, боиси касод шудани бозори чормағзи заминӣ (арахис)-и кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ шудааст. Ин нуктаро Аъзам Ализода, раиси ин ноҳия рӯзи 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ баён кард.

Ба иттилои ӯ, то омадани “Толибон” ба сари қудрат, 20-30%-и чормағзи заминии ин ноҳия ба Афғонистон ва ё тариқи ин кишвар ба Эрон содир мешуд, вале баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ “ин чиз пурра аз байн рафт ва ба мо зарар расонд”. 

“Ҳоло ҳосили чормағзи ду солаи мардум дар анборашон истодааст. Чун 8 то 12 ҳазор тонна ҳосили чормағзи заминӣ, ки кишварзони ноҳия ба даст меоранд, пурра дар бозори дохила истеъмол карда наметавонем (талабот надорад, шаҳри аз идора). Барои ҳалли мушкили пешомада бо соҳибкорони ноҳия ҳамкорӣ дорем ва аллакай аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҳар ҳафта 20-30 тонна чормағзи заминиро бурда истодаанд, вале ин кифоя нест”, – афзуд Ализода.

Ӯ илова кард, ки Русия, ки соли гузашта воридоти чормағзи заминӣ аз Тоҷикистонро манъ карда буд ва имсол иҷозат дод.

“Ҳоло  соҳибкорон аз шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуроҷ барои содироти чормағз ба Русия аз Мастчоҳ онро харидорӣ мекунанд”, – изҳор дошт раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Ӯ гуфт, соли 2025 дар Мастчоҳ 8 ҳазору 600 тонна чормағи заминӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ кам аст. Сабаби кам кишт шудани он камбуди харидор ва танг шудани бозори ин навъи маҳсулот будааст.

Чормағзи заминӣ (арахис) маҳсулоти равғандор ва истеҳсолӣ мебошад, ки донааш дорои миқдори зиёди равған ва сафеда аст ва дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати равған истифода мешавад.

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба иттилои расмӣ, зиёда аз 90 % аз истеҳсоли чормағзи заминӣ дар вилояти Суғд ба Мастчоҳ рост меояд. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд