Аз 5-уми феврали соли равон насби дурбинҳои назоратӣ ба “Шаҳри бехатар” дар Бохтар, маркази вилояти Хатлон оғоз мешавад. Дар ин бора Абдумаҷид Муминзод, раиси ин шаҳр рӯзи 4-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
“Вақтҳои охир дар роҳҳои шаҳр ҳолатҳои тамбашавӣ ба назар мерасад. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем бо дастгирии ҳукумати кишвар дурбинҳо мушоҳидавӣ насб карда, шаҳрро ба хадамоти “Шаҳри бехатар” пайваст кунем”, – илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Муминзод, корҳои омодасозӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои уфуқӣ, насби аломатҳои роҳ ва насби дурбинҳо то 1 сол идома хоҳад кард. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи роҳҳои шаҳр – аз даромадгоҳҳо то кӯчаҳои дохилӣ, ба “Шаҳри бехтар” пайваст мешаванд.
Ба иттилои раиси шаҳр, корҳои насбкунии дурбинҳоро як ширкати ватанӣ анҷом медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли 2024 як манбаъ аз ҳукумати Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфта буд, барои роҳандозии ин лоиҳа як ширкати қазоқистонӣ масъул гардидааст, аммо аз зикри номи ширкат худдорӣ кард. Танҳо гуфта буд, “ин ширкат алакай дар чанде аз шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон чунин лоиҳаро роҳандозӣ кардааст”.
Хабари насби дурбинҳо “Шаҳри бехатар” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон соли 2024-ум расонаӣ шуда буд. Он замон аз ҳукумати вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки барои амалисозии ин лоиҳа бо шарикони рушд ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи то 18 миллион доллар ба имзо расидааст.
“Шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Қаблан раиси шаҳри Бохтар гуфта буд, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар пайдо кардани ҷинояткорон низ кӯмак мерасонанд.
Бояд гуфт, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ насб шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, моҳи майи соли 2023 лоиҳаи “Шаҳри бехатар” таҳия ва барои иҷрои он бо ширкати чинӣ созишнома ба имзо расида, вале то ҳол ба кор шурӯъ накардааст.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад. Ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.
“Шаҳри бехатар” дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.


