Тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ба коҳиши қарзи “Барқи тоҷик” мусоидат кард

Пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар соли гузашта, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар тадриҷан кам шуд. Дар ин бора мудири кулли ҶСК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал дар Душанбе хабар дод. Ӯ зикр кард, ки дар доираи тағйироти воридгардида аз ҷониби ҳукумат ситоде […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар соли гузашта, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар тадриҷан кам шуд. Дар ин бора мудири кулли ҶСК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал дар Душанбе хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки дар доираи тағйироти воридгардида аз ҷониби ҳукумат ситоде таъсис ёфта, ки ба таври доимӣ амал карда, ба пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии барқ дар саросари кишвар машғул аст.

Ба гуфтаи Асозода, ин имкон дод, ки пули барқи истифодашуда дар дохили кишвар 1,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 170 млн доллар) зиёд ҷамъоварӣ шавад.

“Қисме аз ин, ба маблағи 900 млн сомонӣ, барои пардохти қарзи ширкат равона карда шуд”, – илова намуд ӯ.

Асозода дар идома изҳор дошт, ки соли 2025 қарзи ширкат ба миқдори 2,6 млрд сомонӣ (тақрибан 280 млн доллар) – аз ҳудуди 24, 2 млрд сомонӣ  дар аввали сол то 21,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,3 млрд доллар) коҳиш ёфт.

Қобили зикр аст, ки қарзи мазкур аз ҳисоби пардохт нашудани маблағи истифодаи барқи гирифтаи ширкат аз истеҳсолкунандагони дохилӣ – ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ҶСК “НБО Сангтӯда-2”, ҶСК “НБО Роғун”, инчунин қарзҳои ҷалбшудаи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика ба вуҷуд омада буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2025 ба Кодекси ҷинояти Тоҷикистон ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки дар онҳо барои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии нерӯи барқ масъулият (ҷавобгарӣ) пешбинӣ мешавад. Ин тағйирот бо мақсади коҳиши талафот дар шабакаҳои барқ ва баланд бардоштани интизом миёни истеъмолгарон қабул шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.