Наздики 100 млн сомонӣ қарзи НБО “Роғун” дар назди “Шабакаҳои тақсимоти барқ”

Date:

НБО “Роғун” ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 ба маблағи қариб 100 млн сомонӣ аз нерӯи барқ қарздор мебошад. Давоми соли гузашта “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба ин нерӯгоҳ 116 млн 73 ҳазор квт нерӯи барқ ба маблағи 80 млн 250 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. Бо ҷамъи қарзҳои аз соли 2024 –ум монда, қарзи нерӯгоҳи “Роғун” дар назди ШТБ ба 97 млн 481 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Ҷомӣ Умарзода, мудири раёсати даромадҳо дар самти фурӯши “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 3-юми феврал дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” масъалаи қарздории НБО “Роғун” аз нерӯи барқи ҳисобишуда дар назди ин ниҳодро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, ки нерӯгоҳи “Роғун” дар асоси додугирифт барқи истеҳсолкардаашро ба ҶСК “Барқи тоҷик” мефурӯшад ва аз хатҳои пастшиддати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои истифода барқро мехарад.

Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки соли гузашта НБО “Роғун” ба ин ширкат дар ҳаҷми 1 млрд 614,3 млн квт нерӯи барқро ба маблағи 376,1 млн сомонӣ фурӯхтааст. Аммо ӯ нагуфт, ки ширкати “Барқи тоҷик” чӣ миқдори ин маблағро ба нерӯгоҳ пардохт кардааст.

Ба гуфтаи Ҷомӣ Умарзода, ҳоло нерӯгоҳи “Роғун” бо ҷамъи қарзҳои аз соли 2024 –ум монда, ки 17 млн 231 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар назди ШТБ ба маблағи 97 млн 481 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

“Дар 12-моҳи соли 2025 НБО “Роғун”  116 млн 73 ҳазор квт нерӯи барқ ба маблағи 80 млн 250 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар умум, қарзи нерӯгоҳ дар назди ШТБ 97 млн 481 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то ҳол ин қарз пардохт нашудааст. Дар робита ба ин масъала, бо роҳбарияти НБО “Роғун” вохӯрӣ ва гуфтушунид сурат мегиранд”,-гуфт номбурда.

Умарзода гуфт, ки нерӯгоҳи “Роғун” ба рӯйхати иншооти дорои хусусияти стратегӣ дохил аст, ки тибқи он “новобаста ба қарздорӣ бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад”.

Ин масъули ШТБ мегӯяд, ки дар соли 2024 нерӯгоҳ “пули барқро пардохт кардааст ва танҳо 17 млн 231 ҳазор сомонии дигари он боқӣ мондааст”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, гуфтанд, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия, роҳбарияти нерӯгоҳи “Роғун” ва ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи пардохти пули барқ аз сӯйи нерӯгоҳ баррасӣ мешавад.

Бояд гуфт, айни замон ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун”, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди истифода қарор гирифта буданд, бо иқтидори паст кор мекунанд. Дар назар аст, ки пас аз пурра ба истифода додани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он ба беш аз 14,5 млрд кВт/соат расад.

Дар толори мошинҳои нерӯгоҳ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 630 МВт насб карда мешаванд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини нерӯгоҳ дар соли 2029 дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related