Ба баҳси ҳарфи “ӯ”, ки пас аз нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот доғ шуд, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) нуқта хоҳад гузошт. Ин ҳарфро ноиби президенти АМИТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Роҳбари Институти забон ва адабиёт ҳам гуфт, ки ин масъаларо бо забоншиносон ба баррасӣ мекашад.
Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ аз нашри нави “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” хабар дод, ки дар онҳо мавқеи ҳарфи “ӯ” ба ду гурӯҳ – устувор ва ноустувор тақсим шудааст. Мувофиқи он, акнун дар вожаҳои ҳамреша бо калимаи “омӯхтан”, аз ҷумла “омӯз”, “омӯзгор”, “омӯзиш” ба ҷойи ҳарфи “ӯ” ҳарфи “у” навишта мешавад.
Ин тағйирот ба имло дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, ба вижа забоншиносон андешаҳои гуногунро баён карданд.
Бо гузашти як ҳафта, имрӯз, 5-уми феврал, ин нукта бори дигар дар нишасти Академияи миллии илмҳо аз ҷониби рӯзноманигорон ба баҳс кашида шуд. Муҳаммаддовуд Саломиён, ноиби президенти АМИТ дар посух гуфт, ки аз баҳсҳои истифодаи ҳарфи “ӯ” дар имлои забони тоҷикӣ хабар дорад ва аз қавли мутахассисони Институти забон ва адабиёти АМИТ афзуд, ки “ин баҳсе, ки ба вуҷуд омадааст, дар асоси қоидаҳои Имлои забони тоҷикӣ аст”.
Ноиби президент гуфт, ки ин тағйиротро дар асоси тағйирёбии решаҳои калима, махсусан дар решаҳои феълҳо, ки аз як асос ба асоси дигар мегузарад, муқаррар кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, “як калима наметавонад, ки дар як маврид дар як шакл навишта шавад ва дар мавриди дигар боз дигар хел талаффуз карда шавад”. Барои ҳамин, “бештар ба принсипи таърихияти имло таваҷҷӯҳ шудааст ва инро дар ҳамон имло ворид кардаанд”.
Муҳаммаддовуд Саломиён таъкид кард, ки ин тағйирот “бори дигар мавриди баҳси забоншиносон қарор мегирад ва нуқтаи охирон баъди як ҷаласаи хеле муҳиме, ки АМИТ шояд баргузор кунад, гузошта мешавад”.
“Фардо дар Институт баҳси “ӯ” мешавад”
Фарангис Шарифзода, роҳбари Институти забон ва адабиёти АМИТ дар идома тасдиқ кард, ки соати 10:00-и рӯзи 6-уми феврал дар иститути зери роҳбариаш бо иштироки забоншиносони муътабари ҷумҳурӣ як ҷаласа доир ба баррасии нашри нави китоби Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ баргузор мешавад.
Шарифзода афзуд, ки то нашри ин китоб Институт чанд ҷаласа баргузор карда, мавқеи ҳарфи “ӯ”-и устувор ва ноустуворро ба баррасӣ кашидааст.
“Ҳамаи он калимаҳое, ки “ӯ”-и устувор доранд ё ин ки “вов”-и маҷҳул доранд, решашиносӣ шудаанд ва мо ҳамон луғати решашисоии ҳамон вожаҳоро ба Кумитаи забон пешниҳод карда будем ва фардо ҳам ин масъаларо бори дигар баррасӣ хоҳем кард”, – иброз дошт роҳбари Институти забон ва адабиёт.
Вай дар посух ба саволи он ки то куҷо пешниҳодҳои Институтро Кумитаи забон ва истилоҳот пазируфтааст, ҷавоб гуфт, ки “аксари пешниҳодҳои мо қабул шудаанд”.
Фарангис Шарифзода таъкид кард, ки “ҳозир баҳс танҳо сари масъалаи асоси забони ҳозираи феъл ва асоси замони гузаштаи он меравад”. Ӯ барои мисол аз вожаҳои “омӯхт” ва “омуз” ном бурда, гуфт, ки “бори дигар ин калимаҳо баррасии решашиносӣ мехоҳанд”.
Бояд гуфт, имлои ҳарфи “ӯ” дар забони тоҷикӣ солҳо инҷониб баҳс мешавад ва донишмандон низ дар ин масъала андешаҳои мухталиф доранд. Чанде пеш дар саҳифаи фейсбук низ сари калимаи “пажӯҳиш”, ки дар имлои нав “пажуҳиш” навишта шудааст, баҳс ба миён омад ва аксар донишмандон ба далели вожаи сирф тоҷикӣ будани он, бардоштани ҳарфи “ӯ”-ро аз ин калима қабул надоштанд.
Бо ҷузъиёти баҳси ҳарфи “ӯ” дар ин матлаби “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо мекунед: “ОмӮзгор омУзгор мешавад”. Баҳси имлои “у” ва “ӯ” дар Кумитаи забон ва истилоҳот”.


