ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони тоҷик дар “Кохи Суруш” консерт баргузор мекунад. Арзиши билет барои вуруд аз 100 то 250 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.
– Имрӯз соати 14:00 дар “Қасри ҷавонон” консерти Фаррух Ҳасанов, овозхони ҷавон ва номдори тоҷик доир мешавад. Арзиши билет аз 50 то 200 сомонӣ буда, дар сомонаи echipta дастрас аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1929 – Нашрияи “Қизил Тоҷикистон” таъсис ёфт, ки ҳоло “Халқ овози” ном дорад.
Соли 1962 – Дар Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) заводи консерва ифтитоҳ ёфт.
Соли 1969 – Дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймои “ЯК-40” ба кор оғоз кард.
Соли 2007 – Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” қабул гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1916 – Мавлуди Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, тарҷумон, мунаққид, ва адабиётшиноси тоҷик.
Ҳабиб Юсуфӣ дар Самарқанд таваллуд шуда, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт машғул гардид. Ӯ соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафта, 22 феврали соли 1945 дар деҳаи Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шуд.
Ӯ бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро инъикос кардан имкон дорад.
Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Аз ҳавою обу замин”, “Интиқом” “Ишқи Ватан”, “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд.
Ӯ яке аз аввалин тарҷумонҳои бадеии тоҷик буд. Асарҳои Пушкин, Лермонтов, Крилов, Шевченко ва Маяковскийро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Соли 1947 – Мавлуди Абдувоҷид Ашӯров, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.
Соли 1955 – Зодрӯзи Маъруф Раҷабов, доктори илмҳои филология.
Соли 1988 – Мавлуди Зарина Бадалова, ҳунарпешаи театру синамо.
Зарина Бадалова, ҳунарпешаи ҷавон, ки ҳоло дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад, хатмкардаи донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, бори аввал дар саҳнаи театр дар намоишномаи “Рӯзе дарозтар аз қарн” аз рӯи асари Чингиз Айтматов нақши Ҷамиларо бозидааст.
Ҳамчунин дар синамо низ нақшҳо офаридааст.
Соли 1989 – Зодрӯзи Таҳмина Ниёзова, овозхони шинохтаи тоҷик.
Таҳмина Ниёзова набераи Боймуҳаммад Ниёзов, сарояндаи маъруфи “Шашмақом” буда, соли 2008 дар озмуни байналмилалии овозхонони эстрада иштирок намуда, барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” гардид. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад.
Таронаҳои “Гуфтам малакӣ”, “Занги телефон”, “Hero”, “Бути Нозанин”, “Боди Сабо”, “Ман ошиқи рӯи ту” аз шумори сурудаҳои марғуби Таҳмина маҳсуб меёбанд.
Зимнан, Таҳмина Ниёзова соҳиби маълумоти олӣ дар ду самт – рӯзноманигорӣ ва иқтисодиёт аст.
Соли 2011 – Нӯъмон Неъматов, олим, доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон дар 83-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
14-уми феврал дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Ин ҷашн бо номи Рӯзи Валентин низ маъруф аст ва решаҳои таърихии он ба асрҳои миёна гиреҳ мехӯрад.
Рӯзи Ошиқон бо номи Валентин, як рӯҳонии насронӣ дар асри III дар Империяи Рум, иртибот дорад. Бино ба ривоятҳо, ӯ дар давраи ҳукмронии императори румӣ Клавдий II махфӣ издивоҷи сарбозонро бо дӯстдоштагонашон анҷом медод. Валентин барои ин амал боздошт ва қатл шуд. Ривоятҳо ҳастанд, ки пеш аз маргаш ба духтари зиндонбон номаи хайрбодӣ бо имзои “Аз Валентини ту” фиристода буд, ки яке аз омилҳои пайдоиши суннати табрикоти ошиқон маҳсуб мешавад.
Имрӯзҳо 14-уми феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи эътирофи муҳаббат ва эҳтиром ба наздикон ҷашн гирифта мешавад. Одамон ба ҳамдигар гул, кортҳои ошиқона, тӯҳфаҳо ва ширинӣ ҳадя мекунанд. Дар кишварҳои гуногун таҷлили ин рӯз бо анъанаҳои маҳаллӣ омехта шудааст.
Дар Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои дигар, ин ҷашн бо гуногунфикрӣ қабул мешавад: бархе онро таҷлил мекунанд, бархеи дигар ҳамчун ид бо решаҳои ғарбӣ қабул надоранд. Бо вуҷуди ин, он дар миёни ҷавонон маъмул боқӣ мемонад.
14-уми феврал инчунин ҳамчун Рӯзи байналмилалии тақдими китоб (International Book Giving Day) таҷлил мешавад. Ин рӯз барои тарғиби фарҳанги хондан ва ҳадя кардани китоб махсусан ба кӯдакон ва афроди ниёзманд равона шудааст.
Ин ҷашн аз тарафи Эмми Бродмур, як шахси оддии амрикоӣ, ки муассиси вебсайти китобҳои кӯдакона дар ИМА буд, таъсис ёфт. Сарчашмаи ин иқдом пурсиши писараш дар мавриди сабаби ташкил накардани як рӯзи махсуси тӯҳфаи китоб ба ҳамдигар буд.
Агар Рӯзи ошиқон муҳаббат ба инсонҳоро таҷассум кунад, пас Рӯзи тақдими китоб муҳаббат ба дониш ва китобхониро инъикос менамояд. Ҳар ду ҷашн ба як рӯзи тақвимӣ рост омада, маънои амиқи муҳаббат ба инсон ва маърифатро муттаҳид месозанд.
14 феврал Рӯзи паҳн кардани иттилоот дар бораи нуқсони модарзодии қалб таҷлил мешавад.
Он аз ҷониби ташкилоти хайрияии Канада "Children’s Heart Society" таъсис ёфт, ки ба хонаводаҳое, ки фарзандони онҳо нуқсони модарзодии қалб доранд, кӯмак мерасонад. Ин ташаббусро дигар ташкилотҳо аз кишварҳои мухталиф дастгирӣ карданд ва ҳамин тавр, ин рӯз ба як рӯзи байналмилалӣ табдил ёфт. Нуқсони модарзодии қалб нуқсон дар сохтор ва ё рагҳои бузурги қалб аст, ки аз замони таваллуд пайдо мешавад.
Имрӯз ҳамчунин компютерсозон рӯзи касбии худро таҷлил мекунанд. 14 феврали соли 1946 аввалин компютери электронии ҳақиқӣ “ENIAC I” (Electrical Numerical Integrator And Calculator) намоиш дода шуд. “ENIAC I” то 2 октябри соли 1955 фаъол буд ва баъд шикаст.
Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи пайдоиши забони фаронсавиро таҷлил мекунанд. Гуфта мешавад, ки 14 феврал соли 842 Людовик II Немец ва Карл II Лисий шартномаеро ба забони романӣ (франсузии қадимӣ) бастанд. Аз он вақт ин рӯз Рӯзи пайдоиши забони фаронсавӣ ҳисобида мешавад.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи пайдоиши “YouTube” таҷлил мешавад. Вебсайти “YouTube” 14 феврал соли 2005 аз ҷониби се корманди собиқи ширкати “PayPal” – Чен, Херли ва Карим дар Калифорния (ИМА) таъсис ёфт.
Видеоҳои аввалин, ки 18 сонияро дарбар гирифта, аз садо ва тасвири Д.Карим дар боғи ҳайвоноти Сан-Диего сабтшуда иборат буд, рӯзи 23-юми апрели соли 2005 дар “YouTube” ҷой дода шуд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон борида ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5 мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 1-3º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

