Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки миёни се давлати форсизабон як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 10-уми март дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт. Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи се давлати дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии онҳо баррасӣ шуд. Зимни муҳокимарониҳо таъкид гардид, ки се кишвари мазкур метавонанд дар ҳаллу фасли бисёр […]

root


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 10-уми март дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.




Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи се давлати дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии онҳо баррасӣ шуд.



Зимни муҳокимарониҳо таъкид гардид, ки се кишвари мазкур метавонанд дар ҳаллу фасли бисёр масоили мубрами минтақавӣ нақши намоён дошта бошанд, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти бисёрсолаи Афғонистон.



Нақшаҳои сохтмони пулҳои нави мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳҳои оҳану мошингарди пайвандкунандаи

 

Тоҷикистону Эрону Афғонистон, пайванди ин роҳҳо бо шабакаҳои нақлиётии Қирғизистону Қазоқистон ва Чин, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обию ҳароратӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон дорои аҳамияти бузург барои таъмини рушди

 

бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ

 

маънидод гардид.



Сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай омодагии худро баҳри пуштибонӣ аз татбиқи амалии ин лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.



Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри назорати доимӣ ва татбиқи босамари тавофуқоти миёни се давлат бадастомада як кумитаи муштарак дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои марбута ва як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

 




Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе дар моҳи март ё апрели соли равон мулоқоти роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар ба роҳ монда шавад.



Ҳамчунин мулоқотҳои мунтазами роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии се давлат матлуб шумурда шуд.



Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, аз ҷумла доир ба ифтитоҳи телевизиони муштаркаи се кишвари ҳамфарҳанг сурат гирифт.



Баъди анҷоми мулоқоти сеҷониба Сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай як эъломияи муштарак ба имзо расонданд, ки дар он ҳамаи тадбирҳои зикршуда ва дигар ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.