Сарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар ба имзо расондани қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиро муфид арзёбӣ намуданд

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироиҳои минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд. Аз муколамаи созанда ва мунтазами сатҳи олӣ, мулоқоту […]


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироиҳои минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.




Аз муколамаи созанда ва мунтазами сатҳи олӣ, мулоқоту сӯҳбатҳои даврӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ изҳори қадрдонӣ карда шуд.



Таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои рушдёбандаи миёни сохторҳои амниятӣ, дифоӣ, сарҳадбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, ки аллакай натиҷаҳои намоён доранд, амри зарурӣ шумурда шуд.



Робитаҳои мунтазами роҳбарияти вазоратҳои дифоъ ва корҳои дохилии ду кишвар ва ҳар чӣ зудтар ба имзо расондани қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ муфид арзёбӣ гардид.



4 баробар афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2008 нисбат ба соли пешин зикр шуд ва таъкид гардид, ки нақши шоҳпули «Дӯстӣ» дар мавзеи Панҷи поён дар ин раванд муҳим аст.



Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай оид ба нақшаҳои сохтмони пули нави мошингузар дар мавзеи Кокул болои дарёи Панҷ, роҳҳои мошингарди Кобул – Панҷшер – Ишкошим ва

 

Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва пайванди ба он бо Қирғизистону Чин, хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон – Пули Хумрӣ, Роғун – Кобул – Исломобод,

 

Роғун – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад, Хатлон – Толиқон – Файзобод,

  

бунёди нерӯгоҳи обии Даштиҷум ва дигар тадбирҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.



Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид. Дар ин бора аз дафтари матуботи сарвари давлат хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".