Парлумони ҷумҳурӣ Созишнома дар бораи таъсиси Бонки рушди Авруосиёро тасдиқ карданист

              Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Бонки рушди Авруосиё мавриди баррасӣ қарор мегирад.             Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар […]

Аваз Юлдошев




 




           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Бонки рушди Авруосиё мавриди баррасӣ қарор мегирад.




           

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои ҷудогонаи фаъолият» ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди Авруосиё бо сармояи оиннномавии 1,5 млрд. доллари ИМА дар асоси созишномаи ҳкуматҳои Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 таъсис ёфта буд. Тоҷикистон ахири соли гузашта ба узвияти ин бонк пазируфта шуд. Феълан Белорус ва Арманистон низ аъзои он мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.