Дафтари ҷумҳуриявии дифоъ аз ҳуқуқи инсон: Низоми дифоъи ҳуқуқи бонувони тоҷик заъиф аст

            Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши Дафтари ҷумҳуриявии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон барои соли 2008 гуфта мешавад, масъалаи истифодаи зӯроварӣ нисбати занон дар кишвар мушкилоти умда боқӣ мемонад ва он бонувонро ба худкушӣ маҷбур месозад.             Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳарчанд дар қонунгузории ҷумҳурӣ баробарҳуқуқии зану […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши Дафтари ҷумҳуриявии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон барои соли 2008 гуфта мешавад, масъалаи истифодаи зӯроварӣ нисбати занон дар кишвар мушкилоти умда боқӣ мемонад ва он бонувонро ба худкушӣ маҷбур месозад.





           

Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳарчанд дар қонунгузории ҷумҳурӣ баробарҳуқуқии зану мард кафолат дода шуда бошад ҳам, вазъи занон тайи 15 соли ахир мушкилтар гаштааст. «Аксари занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намекунанд ва айни замон дар ҳоли фақру нодорӣ қарор дошта, аз низоми заъифи дифоъ бархӯрдоранд, ки он ба афзоиши истифодаи зӯроварӣ ва поймолкунии ҳуқуқ нисбати онҳо боис мегардада», – омадааст дар гузориш.




           

Дар гузориш таъкид мегардад, ки зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон ҳамчун як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ шуда, он чун мушкилоте, ки ҷиҳати ҳалли он дахолати ҷомеа зарур бошад, маҳсуб намегардад ва аз ин рӯ, зан бояд хомӯшона ба рафтори дағалона ва зӯроварӣ сабру таҳаммул пеша намояд.




           

Тибқи маълумоти таҳқиқоти намояндагии минтақавии


UNIFEM


, дар Тоҷикистон ҳамасола нисбат ба беш аз 70 дарсади занон зӯроварӣ истифода мегардад. Танҳо дар зарфи 9 моҳи соли 2008 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар 240 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани занонро ба қайд гирифтааст, ки мувофиқи моддаи 109 КҶ ҶТ (Ба худкушӣ оварда расонидан) аз рӯи онҳо 30 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.




           

Ҳамчунин дар гузориш аз мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шумори никоҳи барвақт ва қайднагардида, поймол сохтани ҳуқуқҳои амволии занон ва дигар масоили марбут ба дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.