Созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ аз қонунгузории кишвар оид ба интихобот қаноатманд нестанд

            Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ният доранд рӯзҳои наздик ба президенти кишвар ва парлумони ҷумҳурӣ оид ба ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» пешниҳод ироа созанд.             Бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти серӯзаи гурӯҳи кории 14 созмони ҷамъиятӣ раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ният доранд рӯзҳои наздик ба президенти кишвар ва парлумони ҷумҳурӣ оид ба ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» пешниҳод ироа созанд.





           

Бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти серӯзаи гурӯҳи кории 14 созмони ҷамъиятӣ раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки аллакай матни пешниҳод оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо омода гардида, он баҳри таъмини рушди минбаъдаи демократикунонии ҷомеа, мутобиқати қонунгузории кишвар ба меъёрҳои байнулмилалӣ, таъмини шаффофияти интихобот, эътимоди мардум ба он ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ равона гардидааст.




           

А.Мамадазимов мегӯяд, пешниҳодот иборатанд аз – дахолат накардани намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ба раванди баргузории интихобот, роҳ надодан ба узвияти онҳо ба комиссияҳои интихоботӣ ва иштирокашон дар ҳисобкунии овозҳо, афзудани шумори наояндагони мардумӣ аз 63 то 100 нафар ва ғайра иборат аст. Сиёсатшинос зикр кард, ки феълан намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ба таври истисноӣ узви комиссияҳои интихоботӣ мебошанд, ки чунин вазъ ба таъмини шаффофият ва дурустии баргузории маъракаи интихоботӣ таъсири манфӣ мегузорад.




           

Дар мавриди номутобиқатии ҳавзаҳои интихоботӣ коршинос гуфт, барои намуна шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара ба як ҳавзаи интихоботӣ дохил мешаванд, вале номзад аз Норак бо вуҷуди арзанда буданаш, ғолиб нахоҳад омад, зеро аҳолии ноҳияи Данғара аз Норак бамаротиб бештар аст.




           

Ҳамчунин А.Мамадазимов фаъолияти намояндагони созмонҳои байнулмилалиро дар ҷараёни интихобот нокофӣ арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки ҷумҳурӣ ба таъсиси воҳиди мустақили нозирон аз ҳисоби намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ниёз дорад. «Интихобот нишондиҳандаи аслии рушди демократия дар ҷомеа аст ва мо чунин мешуморем, ки пешниҳодоту тавсияҳои мо саривақтианд», – гуфт дар анҷом сиёсатшинос.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.