Вазорати мудофиаи Русия муҳоҷирони меҳнатиро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунад



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мудофиаи Русия муҳоҷирони меҳнатиро, ки бекор мондаанд, ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунад.





           

Тибқи иттилои газетаи «Труд»,

 

чунин пешниҳодро муовини вазири мудофиаи Русия генерал-полковник Николай Панков иброз намудааст. Ӯ гуфтааст, тибқи қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ тариқи шартномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунанд. Ҳеҷ квотае барои онҳо мавҷуд нест, танҳо донистани забони русӣ, ба таври қонунӣ зиндагӣ кардан дар қаламрави Русия, доштани маълумоти миёна ва саломатии хуб зарур аст, вале қобили зикр аст, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ ғайрирасмӣ супориш дода шудааст, ки ба хизмат шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ва Соҳили Балтикаро қабул намоянд.




           

Тибқи маълумоти расмии Вазорати дифои Русия, феълан дар Артиши Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Арманистон, ду шаҳрванди латиш, ду олмонӣ ва як исроилӣ бо шиносномаи Русия хизмат мекунанд. Коршиносон бар чунин назаранд, ки шаҳрвандони хориҷиро ба иншооти низомии Русия дар хориҷи кишвар, ки айни замон 36 адад буда, дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина ҷойгир шудаанд, мебояд ба хизмат сафарбар намуд.




           

Тибқи маълумоти рӯзномаи «Труд», феълан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия 207 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 67 нафар тоҷикон, 61 нафар ӯзбекон, 41 нафар украиниҳо, аз 5 то 10 шаҳрвандони Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Арманистону Озарбойҷон, ду нафари латишону олмониҳо ва як нафар исроилӣ хизмат мекунанд.




           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар сафи Қуваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта нашудаанд. «Танҳо як гурӯҳи начандон зиёди мушовирони низомӣ аз ҳисоби афсарони Русия тибқи қарордоди байниҳкуматӣ дар рушди нерӯҳои низомии ҷумҳурӣ саҳм мегиранд», – гуфт манбаъ.

  



spot_imgspot_img

Популярное