Сарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ва Эрон ҷашни Наврӯзро дар Мазори Шариф пешвоз мегиранд

           Душанбе. 4-уми март – Мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бостонии мардумони форсизабон -Наврӯз дар маркази вилояти Балхи Афғонистон- шаҳри Мазори Шариф баргузор мегардад.            Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мусоҳибаи Мудири умури фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Меҳр […]

root



          



Душанбе. 4-уми март – Мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бостонии мардумони форсизабон -Наврӯз дар маркази вилояти Балхи Афғонистон- шаҳри Мазори Шариф баргузор мегардад.





          

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мусоҳибаи Мудири умури фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Меҳр Фаромарз Таманно ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷоми Ҷам»-и Эрон хабар медиҳад, баъди ҷаласаи вазирони умури хориҷаи се кишвари форсизабон, ки соле қабл дар Душанбе баргузор гардида буд, ҷониби Афғонистон омодагии худро ҷиҳати баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон дар Афғонистон эълом дошт. Меҳр Фаромарз Таманно ҳадафи баргузории мулоқоти Сарони кишварҳои форсизабонро дар Мазори Шариф тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ, хусусан дар ҳавзаи густариши забони форсӣ арзёбӣ кардааст.




    


       

Интизор меравад, ки Роҳбарони се кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамҷавор дар Мазори Шариф дар қатори баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, яке аз масъалаҳои умдаи фарҳангӣ- таъсиси шабакаи муштараки телевизонии кишварҳои форсизабонро баррасӣ менамоянд.




         

Атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориёнфар Шамсулҳақ дар сӯҳбат ба хабарнигори хабаргузории расмии Тоҷикистон» Ховар» гуфт, ки дар доираи баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон қарор аст, ки Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар маросими бардоштани парчами ҳарами мубораки Ҳазрати Алӣ иштирок хоҳанд кард. Ориёнфар Шамсулҳақ мегӯяд, ин оин ҳар сол дар рӯзи таҷлили Наврӯзи бостон ба ҷо оварда шуда, он рамзи бузургию каромоти Ҳазрати Алӣ ва шаҳодати неку бобарор омадани соли нави мардумони машриқзамин аст.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.