ЮНИСЕФ ВАО-ро ба муҳофизати занону кӯдакон аз бемории зукоми парранда ҷалб мекунад

Душанбе .17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳофизати занону кӯдакон аз бемории зукоми парранда тавассути тағийри рафтор, ҳамчунин тозагии шахсӣ ва хуб пухтан (гӯшт ва тухми паррандаро) яке аз мақсадҳои асосии Маъракаи ҷалби ВАО мебошад, ки дирӯз аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Чӣ тавре ки намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хабар […]

root


Душанбе .17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳофизати занону кӯдакон аз бемории зукоми парранда тавассути тағийри рафтор, ҳамчунин тозагии шахсӣ ва хуб пухтан (гӯшт ва тухми паррандаро) яке аз мақсадҳои асосии Маъракаи ҷалби ВАО мебошад, ки дирӯз аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.




Чӣ тавре ки намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хабар доданд, маъракаи ҷалби ВАО – ин яке аз кӯшишҳои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустии СММ ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) барои кӯмак ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи

 

«Нақшаи Миллӣ оид ба мубориза ва пешгирии бемории зукоми парранда барои солҳои 2006-2010»

 

ташкил карда шудааст.



“Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ як кишвари дар ҳолати таҳдиди хатар ва дар гузаргоҳи

 


 

паррандаҳои муҳоҷир қарор дорад,” – гуфт муовини Вазири тандурустии ҶТ ҷаноби Мирзоев А.С. “Илова бар ин, паррандаҳои хонагӣ яке аз захираҳои муҳими иқтисодии аксар оилаҳое мебошанд, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

 

Дар Тоҷикистон то ҳанӯз нишонаҳои бемории зукоми парранда ба қайд гирифта нашудааст. «Бисёр муҳим аст, ки оид

 

ба пешгирии ҳолатҳои сар задани бемории зукоми парранда иттилоотонии ҷомеа ва роҳҳои мубориза бар зидди хатари бемории зукоми паррандаро дар оянда мустаҳкам намуд».



Тадқиқоте, ки соли 2006 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) анҷом ёфт, нишон дод, ки 84% -и мардум дар Тоҷикистон паррандаҳои хонагии худро дар атрофи ҳавлии худ дар катакҳо нигоҳ медоранд ва 49%-и онҳо баъди сарукор бо паррандаҳо, тухмҳо ва тоза кардани катакҳо

 

дастонашонро бо собун мешӯянд. Агар вазъият тағийр наёбад, ин рафтор потенсиали хатари паҳншавии зукоми паррандаро дар ҷумҳурӣ афзоиш медиҳад. Маъракаи се моҳаи ҷалби ВАО интишори маълумотро оид ба таҷрибаи оддии пешгирӣ, ки бар зидди бемории зукоми парранда тавассути фарогирӣ дар сатҳи миллӣ бисёр таъсирбахш аст, инъикос мекунад.



“Занон ва кӯдакон бештар дар маърази хатар қарор доранд, чунки онҳо нафароне ҳастанд, ки бештар бо паррандаҳо ва занон ба пухтупаз сару кор доранд,” – гуфт Ҳонгвей Гао, Сарвари Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон. “Онҳо аудиторияи аввалиндараҷаи Маъракаи ҷалби ВАО мебошанд, муҳим аст, ки онҳо дар бораи роҳҳои заҳмати нигоҳдорӣ (паррандаҳо) ва пухтупаз ва ҳамчунин дар бораи муҳимияти гигиенаи шахсии пешгирии зукоми парранда ва дигар бемориҳоро меомӯзанд”.



Ҳамчунин як қисмати Маъракаи ҷалби ВАО фарогирӣ дар сатҳи миллӣ ва шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар минтақаҳо хоҳад буд, ки

 

роликҳоро дар мавзӯи зарурати шустани дастон бо собун баъди сарукор бо паррандагон ва тухми онҳо, пухтани гӯшти мурғ дар ҳарорати баланд ва дар сурати ёфт шудани паррандаи мурда ба байтор ё ҳукуматҳои маҳаллӣ хабар доданро пахш хоҳанд кард.

 


 

Илова бар ин, ЮНИСЕФ ин паёмҳоро дар барномаҳои машҳури телевизионӣ ва радиоӣ ҳамроҳ хоҳад кард. Дар сатҳи маҳаллӣ низ

 

ҳамкорони ЮНИСЕФ вохӯриҳоро бо

 

аҳли ҷомеа, бо Роҳбарони маҳаллӣ ва оммаи мардум баргузор мекунанд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани савияи иттилоот оид ба пешгирии хатари беморӣ ва вирус мебошад. Шумораи зиёди баннерҳо, суратплакатҳо, дастурамалҳо ва буклетҳои дорои чунин маълумотҳо дар беморхонаҳо, мактабҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар саросари кишвар паҳн карда хоҳад шуд.



“Агарчи

 

бемории

 

зукоми

 

парранда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, мардум бояд барои пешгирии вируси ин беморӣ хубтар огоҳ карда шаванд,” – гуфт Ҳонгвей Гао Сарвари Хазинаи кӯдакони (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон. Пешгирӣ ҳамеша аз аксуламал беҳтар аст, хусусан

 

вақте ки барои зиндагии занону кӯдакон хатарнок аст.




Дар бораи ЮНИСЕФ:




ЮНИСЕФ дар 150 кишвари дунё намояндаг


ӣ


дорад ва мақсадаш дастгир


ӣ


ва муваффақияти к


ӯ


дакон аз даврони к


ӯ


да


ӣ


ї то нав


ҷ


авон


ӣ


мебошад. Дар


ҷ


аҳон бузургтарин таҳиякунандаи ваксина барои кишварҳои тараққикарда, ЮНИСЕФ барои тандурустии к


ӯ


дак, ғизо, оби ошомида


ӣ


ї ва беҳдошт, сифати таълимоти ибтидо


ӣ


барои писарону духтарон ва муҳофизати к


ӯ


дакон аз з


ӯ


ровар


ӣ


, корҳои тоқатфарсо

 

ва Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ) к


ӯ


мак мекунад. Хазинаи к


ӯ


дакони СММ ЮНИСЕФ аз ҳисоби хайрияҳои инфирод


ӣ


, ти


ҷ


орат


ӣ


, муассисаҳои байналмиллал


ӣ


ва Ҳукуматҳо фаъолият мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.