Дар Тоҷикистон тамринҳои низомии воҳидҳои махсуси кишварҳои узви СҲШ муваффақона анҷом ёфтанд

Date:


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта дар машқгоҳи низомии Фахробод таҳти унвони «Норак – Антитеррор» тамринҳои дурӯзаи воҳидҳои махсуси низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай муваффақона ба анҷом расиданд.




Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин бо шумули ҳазор нафар сарбозу афсар ширкат варзиданд. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода карда шуд», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, ҳадаф аз баргузории тамринот – ноил гардидан ба роҳандозии амалиёти муштарак баҳри дифоъ аз марзи давлатӣ, боздошти ҳавопаймои марзшикан, озод кардани шахсони гаравгонгирифиташуда ва нест кардани гурӯҳҳои террористии ба қаламрави кишварҳо воридшуда мебошад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...