Дар Душанбе гулҳои Фаронсаву Ҳолланд парвариш карда мешаванд

Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба риояи талаботи муосири сабзгрдонӣ ва ободонии пойтахт дар мавсими тобистону тирамоҳ қарор ба имзо расонид. Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарор, сарраёсати ободонӣ ва раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба риояи талаботи муосири сабзгрдонӣ ва ободонии пойтахт дар мавсими тобистону тирамоҳ қарор ба имзо расонид.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарор, сарраёсати ободонӣ ва раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо олимони пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи улуми ҶТ таҷрибаи фаъолияти сохтори мазкурро дар Фаронсаву Ҳолланд омӯхта, онро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор диҳанд. «Раиси пойтахт ҷиҳати харидории гулҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр аз ин кишварҳо ва парвариши онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба мақомоти дахлдор супориш дод», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Ш.Саидов, иттиҳодияи озмоишиву истеҳсолии «Лесзелхоз» ва муассисаи илмиву истеҳсолии «Гулпарвар» ӯҳадор гардиданд, ки нисбат ба мутобиқати гулҳо ба иқлими Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд. «Ба муассисаи давлатии «Рекломи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» супориш дода шуд, ки дар фаъолияти худ тарзҳои кори дастгоҳҳои истеҳсоли Фаронсаву Ҳолландро дар ин самт мавриди истифода қарор диҳанд», – афзуд Ш.Саидов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.