Дар Тоҷикистон бонки генетикии растаниҳо таъсис меёбад


Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мусоидати Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва дар ҳамдастӣ бо Агентии ҳамкории байнулмилалӣ ва рушди Шветсия (


SIDA


) ахири соли 2010 дар заминаи Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ бонки генетикии растаниҳо таъсис дода мешавад.




Тавре ҳамоҳангсози лоиҳаи агентии Шветсия Ҳафизулло Мӯъминҷонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Вазорати кишоварзӣ баҳри амалисозии ин мақсад аллакай бино ҷудо намуда, аз ҷониби агентии Шветсия ҷиҳати таъмир ва тайёр кардани мутахассисон 1 млн.


$


маблағ ихтисос дода шудааст.



Мавсуф мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси бонк – нигаҳдории навъҳои нодири растании кишвар ва пешгирии онҳо аз нестшавӣ, истифодаи пурсамари онҳо дар равандҳои селексионӣ барои ихтирои навъҳои нави растьанӣ мебошад.



Ба гуфтаи ӯ, моҳи январи соли ҷорӣ 4 нафар корманди Маркази миллии захираҳои генетикӣ дар бонки генетикии Скандинавия таҷриба андӯхтанд.

 



spot_imgspot_img

Популярное