Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ Маликшо Неъматов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дуввуми вазирони бахши варзиши кишварҳои Осиё ба шаҳри Теҳрон рафт.
Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази таҳлиливу иттилоотии кумитаи мазкур, дар ҷаласа масъалаи таъсири бӯҳрони молӣ ба рушди варзиш дар кишварҳои Осиё мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар М.Неъматов ҳамчунин ният дорад, ки бо ноиби президенти Эрон, вазири соҳаи варзиш ва президенти Кумитаи олимпии Эрон низ дидору гуфтушунид кунад.