Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ, ки дар боғи Ғалабаи пойтахт баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Тавре як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар суханронии худ собиқадорони ҷангро бо ҷашни Ғалаба табрику таҳният намуда, дар маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи Оташи ҷовидона иштирок хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони парлумон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа ширкат хоҳанд варзид.
Ёдрас мекунем, ки соли равон баҳри кӯмак ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз фонди захиравии сарвари давлат 1,2 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд.