Соли гузашта содироти ангур аз Тоҷикистон ба Русия 25% зиёд шудааст

Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 4,5 млн доллар тақрибан 7,4 ҳазор тонна ангур содир шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 25% зиёд мебошад. Дар ин бора дар мулоқоти онлайнии Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди Русия, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2025 баргузор гардид, зикр шудааст. Ҷоинбҳо […]

Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 4,5 млн доллар тақрибан 7,4 ҳазор тонна ангур содир шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 25% зиёд мебошад.

Дар ин бора дар мулоқоти онлайнии Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди Русия, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2025 баргузор гардид, зикр шудааст.

Ҷоинбҳо дар ин гуфтугӯ, рафти иҷрои дастурҳое, ки дар пайи сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта, ироа шуда буд, баррасӣ кардаанд. Он замон, Владимир Путин гуфта буд, ки то соли 2030 ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар бояд 2,5 маротиба афзоиш дода шавад.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия менависад, ки дар мулоқоти Абдураҳмонзода ва Решетников ба афзоиши таъминоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Русия, аз ҷумла ангур, пиёзи барвақтӣ, кабудӣ ва дигар молҳо диққати махсус дода шудааст.

Ба гуфтаи Максим Решетников, яке аз аввалин натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо, афзоиши чашмраси содироти ангур аз Тоҷикистан ба Россия гардид, ки соли 2025 ҳаҷми содироти он назар ба соли 2024-ум 25% афзуд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 30-юми янва гуфта буд, ки соли 2025 ангур “маҳсули асосӣ”-и Тоҷикистон барои содирот ба Русия гашт.

Илова ба Русия, Тоҷикистон содироти ангури тару тоза ва хушкшударо ба дигар кишварҳо, ба монанди Қазоқистон, Покистон, Узбекистон ва Ироқ низ афзуд.

Ҳаҷми умумии содироти ангури тару тоза ва хушкшударо дар соли 2025 тақрибан 32,6 ҳазор тонна ташкил дод, ки барои кишвар беш аз 9,4 миллион доллар фоида овард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.