Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад

Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми феврал таҷлил мешавад, гузашти низомии васеъмиқёс баргузор намешавад. Соли равон ин ҷашнро бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд. Дар ин бора, аз Вазорати мудофиа ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Аз вазорат гуфтанд, ки рӯзи 23-юми феврал дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми феврал таҷлил мешавад, гузашти низомии васеъмиқёс баргузор намешавад. Соли равон ин ҷашнро бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд.

Дар ин бора, аз Вазорати мудофиа ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Аз вазорат гуфтанд, ки рӯзи 23-юми феврал дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти асосии ҷашн баргузор мешавад. Ҳоло вақти чорабинӣ маълум нест.

Ҳамчунин, ба муносибати ин рӯз, пагоҳ, 22-юми феврал, соати 9-и субҳ дар боғҳои калони шаҳри Душанбе бо ширкати сарбозону афсарон ва намояндагони мақомот чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Аз шаҳрдории Душанбе ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки чорабинии асосии шаҳр бахшида ба ин рӯз, 23-юми феврал, соати 10 дар  Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо иштироки сарбозону афсарон ва намояндагони ҳукумати шаҳр баргузор мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон: “Артиш бояд технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ”-ро азхуд кунад”

Соли гузашта, ба муносибати Рӯзи таъсисиёбии Артиши миллӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гузашти низомӣ доир гардида буд.

Он замон президент зимни суханронии худ дар назди сарбозону афсарони тоҷик гуфта буд, ки сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба азхудкунии технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

Соли 2024 ба ин муносибат гузашти низомӣ баргузор нашуда буд.

Рӯзи 23-юми феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба унвони Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар ҳоли ҳозир артиши Тоҷикистон аз нерӯҳои ҳавоӣ, зиддиҳавоӣ, нерӯҳои хушкигард ва нерӯҳои сайёр иборат аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.