Эмомалӣ Раҳмон: “Артиш бояд технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ”-ро азхуд кунад”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонгуфт, ки  сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба азхудкунии технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд. “Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонгуфт, ки  сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба азхудкунии технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

“Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ», инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад”, – гуфт сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.

Зикр шуд, ки вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, аз ҷумла шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё, мусаллаҳшавии бошитоб ва «ҷанги сард» аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимӣ, сатҳи баланди маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.

Президент ҳамчунин ба масъалаи вусъати бесобиқа пайдо кардани фаъолияти ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки ин ҳолат вазифа ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беш аз пеш муҳимму мубрам мегардонад.

“Дар шароити буҳронии ҷаҳони имрӯза ва торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдидҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо мебошад”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Рӯзи 23 феврали соли равон дар Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла парад (гузашт)-и ҳарбӣ ва фестивалҳои дӯстии афсарон баргузор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.