Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 23-юми феврал дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Нерӯҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад. Ҳамин рӯзи соли 1993 кишвари мо соҳиби артиши миллӣ шуд ва аз он замон то имрӯз – зиёда аз се даҳсола – дараҷаҳои низомии он бо вожаҳои русӣ хонда мешаванд: сержант, прапоршик, лейтенант, полковник, генерал…

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси шинохтаи тоҷик беш аз 10 сол боз мекӯшад ин вазъро тағйир диҳад. Ӯ тарҳе таҳия кардааст, ки дараҷаҳои низомиро аз “Шоҳнома” ва мероси низомии Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бармегардонад: размовар, размдор, таҳмдор, саргурд, сарҳанг, артишсолор…

Аммо тарҳ ҳанӯз расман қабул нашудааст. Дар мусоҳибаи зерин Умед Ҷайҳонӣ аз таърихи ин тарҳ, монеаҳои сиёсию забоншинохтӣ ва умедҳои оянда сухан мегӯяд.

 

Бахши I. Таърихи тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ

– Шумо соли 2018 тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомиро пешниҳод кардед, аммо то соли 2026 он бенатиҷа монд. Дар паси ин 8 соли сукут чӣ буд: бетаваҷҷӯҳии сиёсӣ, тарс аз тағйирот, камбуди маблағ ё чизи дигар?

– Тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ аз барномаҳои Вазорати дифоъ буд, ки дар соли 2018 бо Кумитаи забону истилоҳот коргурӯҳи муштараки вожагузинӣ ташкил кард. Ман бо пешниҳоди Кумитаи забону истилоҳот ба ин коргурӯҳ пайвастам ва тарҳи худро дар ихтиёраш гузоштам. Он тарҳ бо баҳрагирӣ аз унвону мансабҳои низомии сипоҳи Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ва равишҳои вожасозии забони форсӣ таҳия шуда буд. Коргурӯҳ он тарҳро асос қарор доду худ вожаҳоеро сохт, ки на бо равишҳои вожасозӣ созгор буданд ва на бо равишҳои истилоҳгузинӣ. Тарҳи коргурӯҳи муштарак дар Шурои амнияти миллӣ баррасӣ шуд, вале қабул нашуд. Пас аз он тарҳи дигареро бо баҳрагирӣ аз “Шоҳнома” таҳия кардам, ки дар расонаҳо мунташир шуд, вале ҳанӯз расман ба ҳукумат пешниҳод нашудааст.

– Шумо худатон гуфтед, ки “дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст”. Оё ин маъно дорад, ки масъалаи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ аз рӯзи аввал на забоншиносӣ, балки сиёсӣ буд?

– Тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомиро аз ҳамон оғоз сиёсӣ кардан мехостанд. Чанде аз рӯзноманигорони русизабони тоҷикистонӣ дар расонаҳои Русия онро “тахрибкории забоншинохтӣ” хондаву ҳангома бар по карданд, ки гӯё Тоҷикистон бо Русия ва забони русӣ душманӣ пеш гирифта бошад. Аммо бархе аз коршиносони низомии Русия дар вокуниш ба он ҳангомаҷӯйҳо ин тарҳро “кори дохилии Тоҷикистон” дониставу таъкид карданд, ки Тоҷикистон кишвари мустақил аст ва Русия ҳаққ надорад дар умури дохилии он мудохила кунад. Ман ҳамчунон бар ин боварам, ки агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, ин тарҳ бечунучаро иҷро мешавад.

– Поёни соли 2025 Вазорати мудофиа аз Шумо дубора сардӯшиҳоро барои “тарҳи ислоҳи пӯшоки низомиён” хост. То кунун натиҷа ё посухе дарёфтед?

– Вазорати дифоъ дар назар дорад пӯшоки низомиёнро ислоҳ кунад. Тарҳи сардӯшиҳоро барои ҳамон тарҳи ислоҳи пӯшок хоста буданд, ки ҳамакнун дар дасти иҷро аст. Натиҷаҳои онро дертар намоиш хоҳанд дод.

– Дар тарҳи нави дараҷаҳои низомӣ нисбат ба тарҳи 2018 чӣ тағйирот ворид кардаед?

– Дар тарҳи нав дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ бознигарӣ ва бо баҳрагирӣ аз “Шоҳнома” баробарҳои дигаре интихоб шудаанд. Чунончи, аз "Шоҳнома" размовар ва размсозро гирифтаву баробари “сержант” ва “прапоршик” ниҳодаам.

– Шумо ҷашни 35-солагии истиқлол (соли 2026)-ро фурсати муносиби татбиқи ин лоиҳа медонед. Агар то он вақт тасмим гирифта нашавад, лоиҳаи омодакардаи Шумо боз дар бойгонӣ мемонад ё чораи дигаре ҳаст?

– Маъмулан, ислоҳоти муҳимро ҳамзамон бо солгарде анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, ҷашни истиқлоли кишвар, хоҳ 35-умин солгард бошаду хоҳ 40-умин, муносибтарин фурсат барои чунин ислоҳоте аст.

 

Бахши II. Системаи дараҷаҳои пешниҳодӣ

– Шумо дараҷаҳоро ба 6 гурӯҳ тақсим кардаед: солорон, сардорон, саркардагон, размсозон, размоварон ва сарбозон. Мантиқи ин радабандӣ чист ва аз кадом сарчашмаи таърихӣ бармеояд?

– Ин радабандӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” сарчашма мегирад, ки низомиёнро ба чунин ҳайатҳо ҷудо кардааст: аскарҳо, сержантҳо ва страшинаҳо, прапоршикҳо ва афсарҳо, ки хурду калону олӣ мешаванд. Дар истилоҳи низомӣ афсарҳои олиро умуман солор, афсарҳои калонро сардор ва афсарҳои хурдро саркарда меноманд. Размсоз аз “Шоҳнома” гирифтаву баробари “прапоршик” ва размовар низ баробари “сержант”-у “старшина” ниҳода шуданд. Аксарро сарбоз мегӯянд. Ин вожаҳо аз беху бун тоҷикӣ ҳастанд ва дар фарҳангҳо оварда шудаанд.    

– “Разм” дар вожаҳои размюз, размовар, размдор, разморо, размпардоз, размсоз дар форсии классикӣ ба маънои ҷанг ва набард аст. Чаро “разм”-ро барои дараҷаҳои сержантӣ интихоб кардед, на барои афсарон?

– Ин вожаҳоро навгузиниш кардаем. Навгузиниш равише дар вожагузинӣ аст, ки дар он вожае мавҷуд дар забон бо маъное нав, ки бо нахустмаънояш пайванд дорад, дар баробари вожаи бегона баргузида мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Артиши миллӣ тоҷикӣ намешавад. Ҳукумат тарҳи тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомиро напазируфт

Чунончи, разм дар улуми низомӣ навгузиниш ва “бахше аз набард миёни нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар” таъриф шудааст. Ин вожа дар порсии миёна razm “ҷанг, набард, пайкор” маъно дошта, вале дар порсии бостон *razma – “якони низомӣ” буда, ки аз *raźman – “ороиши ҷангӣ” дар эронии бостон густариш ёфтаву решааш √*raź – “оростан; тартиб додан, идора кардан” аст.

Бояд гуфт, ки он разма, ки дар фарҳангҳо оварда ва “баста” таъриф шудааст, аз ҳамин *razma – дар арабӣ вом гирифта шудааст. Аз дигар сӯ, *razma –и порсии бостонро чун разма навгузиниш кардаем ва онро навсохта аз разм- + (асоси замони ҳозира аз масдари раз­мидан + пасванди исмсози ) гирифта “даста – якони размӣ” таъриф кардаем ва баробар бо отделение ниҳодаем.

Размовар, размдор ва разморо аз разм бо афзудани пасвандҳои -вар, -дор ва -оро сохта шудаанд, ки дар истилоҳоти низомӣ силсиламаротибро бозтоб медиҳанд. Ин вожаҳо низ навгузиниш ва баробари сержантҳо ниҳода шуданд, зеро сержантҳо маъмулан фармондеҳи отделение ҳастанд. Размовару размдору разморо вожаҳои мавҷуд дар забонамон ҳастанд ва маънои аввалияашон разманда аст, вале бо навгузиниш мафҳумашон “фармондеҳи разма” мешавад.

– “Сарҳанг” барои “полковник” – ин вожа дар Эрон ҳам ба ҳамин маъно истифода мешавад. Оё Шумо аз таҷрибаи Эрон огоҳона баҳра гирифтед ё мустақилона ба ин вожа расидед?

– Сарҳангро огоҳона аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гирифтаем, зеро ин дараҷа ҳанӯз дар сипоҳи Сосониён ва Сомониён мансабе баробар бо полковник дар артишҳои имрӯзӣ буд. Сарҳангро бузургвор Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” овардааст. Аз чунин мероси гаронбаҳо набояд гузашт.

– “Таҳм” дар таҳмовар, таҳмдор, таҳморо ба маънои далерӣ ва нерӯ аст – барои “лейтенант”. “Гурд” дар саргурд ба маънои паҳлавон аст – барои “майор”. “Солор” барои “генерал”. Инҳоро ҳам тавзеҳ диҳед, то ин решаҳо барои сарбоз ва афсари имрӯзаи тоҷик фаҳмо бошад.

– Баробарҳои дараҷаҳои лейтенантӣ бо ду равиш – навгузиниш ва вожасозӣ сохта шудаанд. Чунончи, таҳмдор аз мансабҳои афсарии сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст ва фармондеҳи таҳм буд. Онро баробар бо лейтенант навгузиниш кардем ва дар қиёс бо он аз таҳм, ки баробар бо взвод ниҳодаем, таҳмовар ва таҳморо сохтем, ки баробар бо лейтенанти хурд ва лейтенанти калон ҳастанд. Маънои таҳмовар, таҳмдор ва таҳморо “фармондеҳи таҳм” аст. Навгузинишро дар забони ибрӣ барои офаридани вожагони низомӣ бисёр ба кор мебаранд. Яҳудиҳо забонеро, ки ду ҳазор сол пеш мурда буд, бо ин равиш зинда кардаанд. Мо ҳам аз он баҳра мебарем.  

Саргурд аз дараҷаҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аст, ки дар соли 1935 барои мақоми фармондеҳи гурдон аз фарҳанги “Хизонаи омира” (1871) навгузиниш карда буданд, ки дар он “фармондеҳи дастае аз лашкар” таъриф шуда аст. Мо ҳам ин дараҷаро ҳамроҳ бо гурдон аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гирифтаем.

Солор гунае дигар аз “сардор” аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои “генерал” барои номгузории унвонҳо ва дараҷаҳои олии низомӣ ба кор меравад. Сипаҳсолор ва гундсолор гувоҳ бар ин гуфта ҳастанд.

Ман боварии комил дорам, ки ин вожаҳоро ҳар сарбозе дар камтарин замон ёд мегирад, хоҳ “Шоҳнома” хонда бошаду хоҳ на.

– “Размомӯз” барои курсант – аз ҳама равшан ва зебо ба назар мерасад. Кай ва чӣ гуна ба ин истилоҳ расидед?

– Бояд донист, ки курсант рутба нест, балки мақом аст. Курсант донишҷӯи донишгоҳи низомӣ ё донишомӯзи давраҳои размӣ аст. Размомӯзро аз разм + омӯз дар қиёс бо донишомӯз дар соли 2018 сохта будам. Ҳамин размомӯз далел шуд, ки барои дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ ҳам аз разм баробарҳое ёфтаву сохта шаванд. 

 

Бахши III. Сардӯшӣ ва нишонаҳои рутба

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Умед Ҷайҳонӣ: Президент тасмим мегирад, ки дараҷаҳои низомӣ миллӣ бошанд ё не

– “Погон” ё “пагона” – ин вожаҳои русӣ ва тоҷикишудаи он дар матбуот ва ҳуҷҷатҳо зиёд истифода мешаванд. Шумо “сардӯшӣ”-ро пешниҳод мекунед. Оё ин вожа дар забони классикии тоҷикӣ решае дорад, ё навсохта аст?

– Сардӯшӣ аз вожаҳои навсохта аст, вале таърихи беш аз 100 сол пешина дорад. Аммо дар сипоҳи Сосониён ҳар сипоҳӣ дараҷае дошта, ки онро ба забони порсии миёна pāyag (поя) меномидаанд ва он бо сардӯшиҳое рангин нишонагузорӣ мешуд. Яъне, сипоҳиёни сосонӣ сардӯшӣ ҳам доштаанд, ки рангашон сурху майгуну зарду бунафшу арғувонӣ буда, ки рангҳои вижаи табақаи артишторон (низомиён, сипоҳиён) буданд.

– Агар дараҷаҳои низомӣ бо вожаҳои тоҷикӣ иваз шаванд, оё нишона ва шакли сардӯшӣ ҳам бояд тағйир ёбад? Ё ин ду масъала мустақил ҳастанд?

– Дар соли 2023 ҳамроҳ бо устод Далер Миҳтоҷов тарҳе барои ислоҳи сардӯшиҳо низ таҳия карда будем. Нишонҳои дараҷаҳо дар сардӯшиҳоро аз ситораҳои чаҳоргӯша (аз артиши сурхи Бухоро) ва панҷгӯша (аз артиши Шуравӣ) ва тиру шамшеру гурзҳо (аз намодҳои артишторони сосонӣ) сохта будем. Аммо ин сардӯшиҳо танҳо барои ҳамсонаи ҷашнӣ дар назар гирифта шудаанд, на барои размҷома (пӯшоки саҳроии сипоҳиён) ва корҷома (пӯшоки кории сипоҳиён).

– Дар сардӯшиҳои пешниҳодии Шумо ду шамшери мутақотеъ (ду шамшер) нигоҳ дошта шудааст, аммо ранги заминаи сардӯшӣ сабз аст ва нишонаҳо тиллоӣ – ин аз анъанаи Шуравӣ меояд. Оё шакли графикии сардӯшӣ ҳам бояд аз нав тарҳрезӣ мешуд ё ин кор барои марҳилаи дуюм аст?

– Дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ранги сабзи тирагун ё хокӣ (хаки дар русӣ ва khaki дар англисӣ ҳамин хокӣ аст) дар пӯшоки низомиён барои ниҳуфтор (камуфляж) ба кор меравад. Бино бар ин, дар сардӯшиҳо замина хокиранг аст. Дар сардӯшиҳои ҷашнӣ замина метавонад зарин ё симин бошад, чунонки дар сардӯшиҳои кунунӣ аст.

– Ситораҳо ва хатҳо рӯи сардӯшӣ ҳам рамзҳои шуравианд. Оё дар осори бозмонда аз давраи Ашкониён ё Сосониён ягон рамзи дигаре вуҷуд дошт, ки метавон ба ҷойи ситора ва хат ба кор бурд?

– Намодҳои шуравиро дар сардӯшиҳо огоҳона нигаҳ доштаем, то ёдгор аз пирӯзии падарбузургонамон дар Ҷанги Бузурги Меҳанӣ бошанд. Ин шояд ягона ҷанге бошад, ки тоҷикон дар он бар душмане пирӯз шудаанд, ки бар меҳанашон тохт овардааст. Чунин пирӯзиро бояд гиромӣ дошт.

Аз ёфтаҳои бостоншиносон медонем, ки дар сипоҳи Ҳахоманишиён мансабҳо бо ситораҳо нишонагузорӣ мешудаанд. Дар “Шоҳнома” аз нишони дирафшҳои паҳлавонон бисёр ёд шуда, ки ёдгор аз дирафшҳои Ашкониён ва Сосониён ҳастанд ва бештар нигораи ҷонварон доштаанд. Шояд дар оянда аз рӯи он дирафшҳо барои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Вазорати дифоъ, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, якон (воҳид)-ҳои размӣ нишону дирафшҳое тарроҳӣ ва пешниҳод кунем, агар чунин дархосте аз онҳо дарёфт шавад.

 

Бахши IV. Пӯшоки низомӣ ва вожагони он

– Шумо мегӯед, дар “Динкард” ранги ҷомаи низомиён сурх ва майгун (арғувонӣ) нишон дода шудааст ва пешниҳод мекунед, ки Посгони арҷгузорӣ (Қаровули фахрӣ) кители сурхранг бипӯшанд. Таҳқиқе доштед: посгонҳои фахрии кишварҳои дигар низ либоси таърихӣ мепӯшанд?

– Бале, дар ин замина ҳам пажӯҳиш доштаам. Дар кишварҳое, ки таърихи низомии пурифтихор доранд, пӯшоки посгони арҷгузорӣ баргирифта аз пӯшоки ҳамон даврони пурифтихорашон аст. Чунончи, ҳамсона (униформа)-и посгони арҷгузории Муғулистон аз пӯшоки сипоҳиёни Чингизхон гирифта шудааст. Ҳамсонаи посгони арҷгузории Русия низ баргирифта аз ҳамсонаи посгони подшоҳии Русия дар солҳои 1909 – 1913 аст. Камобеш ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳамин равишро ба кор мебаранд.

– “Мундир”, “китель”, “фуражка”, “кепӣ”, “берет” – ҳама аврупоӣ ва русӣ ҳастанд. Дар адабиёти классикии тоҷикӣ барои пӯшоки сар ва тан “кулоҳхӯд”, “зиреҳ”, “ҷавшан” гуфта мешуд. Оё ин вожаҳои таърихӣ барои пӯшоки муосири низомӣ қобили корбурданд, ё маъноашон аллакай дигар шудааст?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Ҳоло не". Рамазон Раҳимзода аз миллӣ шудани рутбаҳои низомӣ ҷонибдорӣ накард

– Дар “Шоҳнома” пӯшоки сипоҳиён умуман “ҷома” ва “ҷомаи разм” номида шуда, ки аз он “размҷома” сохтаанд. Мундир ҷашнпӯш аст, яъне пӯшоке, ки дар ҷашну базм мепӯшанд, кител – сонпӯш, фуражка – кулоҳ, кепӣ – сорвор, каска – хӯд. Мо худ берет доштаем ва ҳамин пакулест, ки ҷовидном Аҳмадшоҳ Масъуд дошт.  

– “Камуфляж”, “бронежилет”, “каска” – инҳо дар аксари забонҳои ҷаҳон бетарҷума истифода мешаванд. Оё дар тоҷикӣ ҳам бояд ба ҳамин роҳ рафт, ё барои ин истилоҳҳо ҳам вожаи тоҷикӣ сохтан лозим аст?

– Мо баробарҳои ин вожаҳоро аз қадим дорем. Чунончи, камуфляж – палангина (ҷомае, ки холҳои сиёҳ монанди пӯсти паланг дошта бошад), бронежилет – барвон (аз varpānak < *u̯arah-pānaka- “нигаҳбони синаву паҳлӯ”), каска – хӯд аст. Он забонҳо “Шоҳнома” надоранд, ки тавони вожасозии забони моро дошта бошанд.

– Агар бихоҳем як унсури миллии тоҷикиро ба пӯшоки ҳарбии имрӯза ворид кунем, бе он ки ба меъёрҳои байналмилалӣ зид бошад, он унсур кадом мешуд: ранг, буриш, нақш ё нишона?

– Ҳар кишваре дар интихоби рангу буришу дӯхти ҳамсона ё пӯшоки расмии низомиёнаш соҳибихтиёр аст. Аммо размҷома ё пӯшоки размӣ тақрибан дар саросари ҷаҳон яксон аст, зеро кӯшиш мешавад, ки бо пешрафтатарин фанновариҳои низомӣ дӯхту сохта шаванд.

 

Бахши V. Рамзҳо ва решаи таърихии истилоҳот

– Нишонҳои имрӯзаи Нерӯҳои мусаллаҳ то куҷо забону рамзҳои классикии форсии тоҷикиро бозтоб медиҳанд? Ё бештар пасошуравӣ ҳастанд?

– Яксара шуравӣ ва русӣ ҳастанд. Аз “Шоҳнома” дар онҳо рангу нишоне дида намешавад. Нишони имрӯзаи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бояд шере зарину болдор ва шамшер ба чанг мебуд. Ҳамин нишон агар бар парчами яксара сурх нигошта мешуд, Дирафши Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сохта мешуд, ки ёдовари дирафшҳои “Шоҳнома” мебуд.

– Номи яконҳои низомӣ – “батальон”, “полк”,  “бригада”, “дивизия” – барои инҳо ҳам бояд баробариҳои тоҷикӣ ҷуст?

– Бале. Номи яконҳои низомиро ҳанӯз соли 2018 тоҷикӣ карда будем: армия – артиш, корпус – сипоҳ, дивизия – лашкар, бригада – гунд, полк – ҳанг, батальон – гурдон, рота – вашт, взвод – таҳм, отделение – рада ё разма, ки нав сохтаем.

Дар забони мо номи дараҷаҳо аз номи яконҳои размӣ сохта мешавад: артиш – артишсолор, сипоҳ – сипаҳсолор, лашкар – лашкарсолор, гунд – гундсолор, ҳанг – сарҳанг, гурдон – саргурд, вашт – сарвашт ё сарвон, таҳм – таҳмовар, таҳмдор, таҳморо, разма – размовар, размдор, разморо.

Боз ҳам мегӯям, ки вожаҳои сипоҳ, лашкар, гунд, сарҳанг, гурдон, размовар – ҳама аз “Шоҳнома” гирифта шудаанд.

– Қонуни забони давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 истилоҳоти расмиро танзим мекунад. Дар амал Вазорати мудофиа ин қонунро дар ҳуҷҷатнигорӣ то куҷо иҷро мекунад? Яъне, забони ҳуҷҷатнигории имрӯзаи мо чӣ гуна аст?

– Кӯшиш доранд дар суханрониву мақолаҳо меъёрҳои забони давлатиро нигаҳ доранд, вале вожаву истилоҳоти корбурдиашон ҳамчунон русӣ аст. Далелаш ҳам ин аст, ки низомиёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекунанд ва забони андешаву пиндорашон русӣ аст. Русӣ меандешанду тоҷикӣ менависанду мегӯянд. Ин масъаларо коршиносони дигар улуму фунун ҳам доранд. Камтар касе аз онҳо метавонад андешаашро ба забони илмии тоҷикӣ равону расо бозгӯ кунад. 

– Шумо борҳо гуфтаед, забоне, ки истилоҳоти илмиву низомии худро надорад, “дарахти бесамар” аст. Инро дар мисоли забони низомӣ тавзеҳ диҳед.

– Ҳамин вожаҳое, ки болотар овардаем, ҳама истилоҳоти низомӣ ҳастанд. Ин вожаҳоро дар “Фарҳанги истилоҳоти низомии русӣ ба тоҷикӣ” овардаам, ки дар солҳои 2018 – 2025 таҳия кардаам. Ин фарҳанг беш аз ду ҳазор истилоҳро дар бар мегирад. Агар Вазорати дифоъ онро мунташир кунад, камбуди истилоҳоти улуми низомӣ дар Тоҷикистон аз миён меравад. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ӯзбекистон дараҷаҳои низомиро ӯзбекӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳамоно мехоҳанд дараҷаҳои низомӣ тоҷикӣ шаванд

– Се истилоҳи ҳарбие, ки ба назари Шумо бояд имрӯз иваз шаванд, кадомҳоянд ва барои ҳар яке баробари тоҷикии пешниҳодии Шумо чист?

– Дар ҳамин мусоҳиба камубеш чиҳил истилоҳи низомӣ ба кор рафта, ки 19 то аз онҳо дараҷаҳои низомӣ ҳастанд, ки бояд ба кор гирифта шаванд. Ҳамчунин, бояд қӯшунро бо нерӯ, сарҳадро бо марз ва сарҳадбониро бо марзбонӣ ҷойгузин кард. Умуман, истилоҳоти улуми низомӣ бояд тоҷикӣ бошанд.

– Ба насли ҷавони афсарон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносоне, ки ҳар рӯз бо истилоҳоти низомӣ сарукор доранд, чӣ тавсия медиҳед?

– Тавсия медиҳам забони миллӣ ва забонҳои хориҷиро чунон хуб фаро бигиранд, ки тавонанд фарҳангҳои дузабона дар улуми низомӣ ва ҳуқуқшиносӣ таҳия кунанд. Ҳеч донишу илме бе истилоҳоти дақиқу расо пешрафт намекунад. Коршинос касест, ки тавонад дониши андӯхтаашро барои дигарон ба забони илмӣ, равону расо бозгӯ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...