Вакилони Дума ё парлумони Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки намозхонӣ ва дигар маросимҳои диниро дар биноҳои ғайриистиқоматӣ дар манзилҳои бисёрошёна ва иншооти марбут ба он манъ мекунад. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш як муҳоҷири ӯзбекистониро баро намозхонӣ дар хобгоҳ ҷарима ва аз Русия ихроҷ карданд.
Хабаргузории русии “РБК” 13-уми феврал навишт, ки лоиҳаи қонунро 67 вакили парлумони ин кишвар пешниҳод кардаанд ва дар тарҳи лоиҳа шарҳ додаанд, ки маросимҳои динӣ ҳоло дар биноҳои истиқоматӣ дар баъзе мавридҳо хусусияти оммавӣ доранд, ки “ин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии одамонеро, ки дар наздикии он зиндагӣ мекунанд, поймол мекунад”.
“Мо зидди ягон маросими динӣ нестем. Вале бигузор онҳо дар ҷойҳои мувофиқ ба он иҷро карда шаванд. Биноҳои истиқоматӣ макони оромиву истироҳат барои калонсолон ва кӯдакон мебошанд. Ман фикр намекунам ки ғалоғула ва дигар нораҳатиҳои марбут ба баргузории маросимҳои диннӣ дар хонаҳо, даромадгоҳҳо ё майдончаҳои бозӣ оромии сокинонро халалдор намекунад", – гуфтааст Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатии Русия, яке аз муаллифони лоиҳа.
Дар қонун намозгузорӣ барои сокинони биноҳои истиқоматӣ ва “барои қонеъ кардани ниёзҳои инфиродии маънавии” онҳо иҷозат дода мешавад. Аммо ин банд ҳанӯз дар қонун вуҷуд надорад.
Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Русияи одил” ("Справедливая Россия") ва аз вакилони муҳоҷирситези порлумони Русия гуфтааст, ки интихобкунандагон ин тарҳро “қонуни манъи “ҳуҷраҳои ибодат” номидаанд”.
Ӯ афзудааст, "издиҳоми одамон, бетартибӣ дар даромадгоҳҳо, нодида гирифтани қоидаҳои рафтори умумӣ қабулшуда – ҳамаи ин аксар вақт бо фаъолияти онҳо ҳамроҳ мешавад ва боиси низоъҳо байни сокинон ва ибодаткунандагон мегардад”.
Дар ҳамин ҳол, Талъат Сафо Тоҷуддин, муфтии Русия гуфтааст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ утоқҳои махсуси ибодат ташкил кардан зарур аст.
“Дар бисёр кишварҳо, ин мушкилотро бо ин роҳ ҳал мекунанд: онҳо дар мағозаҳои калон ва марказҳои тиҷоратӣ ҷойҳои ибодат ташкил мекунанд, ки барои чор ё панҷ нафар пешбинӣ шудаанд. Омаданд, хонданд ва рафтанд. Онҳо ба касе халал намерасонанд”, – шарҳ додааст Муфтии Русия.
Ихроҷи муҳоҷири ӯзбекистонӣ барои намозхонӣ дар хобгоҳ
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш додгоҳе дар ноҳияи Нижневартовски вилояти Тюмени Русия як муҳоҷири ӯзбекистониро барои хондани намоз дар хобгоҳ 30 ҳазор рубли русӣ ҷарима кардааст. “Комерсант” 16-уми феврал навишт, ки муҳоҷири ӯзбекистонӣ бо ҳукми додгоҳ аз ин кишвар ихроҷ шудааст.
Ба навиштаи ин расона шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар хобгоҳи яке аз пойгоҳҳои истеҳсолӣ зиндагӣ мекард, “ҳар рӯз панҷ маротиба намоз мехонд”.

Ин расона бо такя ба хабари додгоҳ навиштааст, ки намоз хондани ин муҳоҷир “хусусияти оммавӣ дошт, зеро дари ҳуҷраро намебаст ва сокинони хобгоҳу шахсони сеюм ба он дастрасии озод доштанд”.
“Дар хобгоҳ ӯ ба шахсони сеюм ва бошандагони хобгоҳ дар бораи таълимоти динии худ, эътиқодҳои мазҳабии худ нақл мекард ва адабиёти динии ба ӯ тааллуқдоштаро нигоҳ медошт, ки дар дастрасии озод қарор дошт”, – гуфта мешавад дар хабар.
Назари худи муҳоҷир вобаста ба ин қазия маълум нест.
Додгоҳ муҳоҷири ӯзбекистониро барои анҷом додани фаъолияти таблиғӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ содир шудааст (қисми 5 моддаи 5.26 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия) гунаҳкор дониста, ӯро 30 ҳазор рубли русӣ (наздики 3 ҳазору 700 сомонӣ) ҷарима баста, ҳамчунин бо қарори додгоҳ ба таври маҷбурӣ аз ҳудуди Русия ихроҷ карда шудааст.
Ин бори аввал нест, ки баҳси хондани намоз ба гуфтаи мақомоти Русия “дар маконҳои ҷамъиятӣ” расонаӣ мешавад. Қаблан низ мақомоти Русия аз боздошти муҳоҷирон барои хондани намоз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хабар дода буданд.



