Тақвими мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 нашр шуд. Кадом даста, кай ва бо кадом тим бозӣ мекунад?

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими 35-умин мусобиқоти қаҳрамони-и футболи Тоҷикистонро дар соли 2026 тасдиқ кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии футболи Лигаи олии Тоҷикистон рӯзи 6-уми марти соли равон оғоз шуда, 7-уми ноябр ба анҷом мерасад. Он бо иштироки 12 даста дар ду давр баргузор шуда, ҳар кадоме аз тимҳо 22 бозӣ мегузаронанд.   Дастаҳои […]

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими 35-умин мусобиқоти қаҳрамони-и футболи Тоҷикистонро дар соли 2026 тасдиқ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии футболи Лигаи олии Тоҷикистон рӯзи 6-уми марти соли равон оғоз шуда, 7-уми ноябр ба анҷом мерасад. Он бо иштироки 12 даста дар ду давр баргузор шуда, ҳар кадоме аз тимҳо 22 бозӣ мегузаронанд.

 

Дастаҳои иштирокчии мусобиқа:

1. "Истиқлол" (Душанбе)

2. "КВМА" (Душанбе)

3. "Вахш" (Бохтар)

4. "Равшан" (Кӯлоб)

5. "Хуҷанд" (Хуҷанд)

6. "Эсхата" (Хуҷанд)

7. "Ҳосилот" (Фархор)

8. "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)

9. "Сардор" (Турсунзода)

10. "Барқчӣ" (Ҳисор)

11. "Истаравшан" (Истаравшан)

12. "Парвоз (Бобоҷон Ғафуров).  

Бояд гуфт, ки дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди 10 соли танаффус ба мусобиқаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон бармегардад.

Бо тақвими пурраи мусобиқот метавонед дар ин пайванд шинос шавед.

Ҳамчунин, бозиҳо барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон низ баргузор мешаванд. Вохӯрӣ барои соҳиб шудан ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” рӯзи 23-юми май дар Ҳисор доир мегардад.

Мувофиқи регламенти мусобиқа, дастае, ки зинаи охирро касб мекунад, мустақиман ба Лигаи поёнӣ фаромада, тими зинаи 11-ум барои ҷой дар Лигаи олӣ бо дастаи дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи якум рақобат мекунанд. Зинаи аввали Лигаи якум мустақиман ба Лигаи олӣ роҳ меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.