Боздошти як зан дар Хатлон бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар Маскав

Як зани 45-солаи ноҳияи Кушониён барои ҷалби занони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар Маскав боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “савдои одамон” парванда боз шудааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми феврал Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфтааст, ин зан соли 2023 дар ҳамдастӣ бо ҷиянаш, зани 28-солаи ноҳияи Кушониён, ки дар Русия қарор дорад, “бо мақсади […]

Як зани 45-солаи ноҳияи Кушониён барои ҷалби занони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар Маскав боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “савдои одамон” парванда боз шудааст.

Дар ин бора рӯзи 24-уми феврал Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфтааст, ин зан соли 2023 дар ҳамдастӣ бо ҷиянаш, зани 28-солаи ноҳияи Кушониён, ки дар Русия қарор дорад, “бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт” ҷалби занону духтарони тоҷикистониро ба танфурӯшӣ дар шаҳри Маскав тарҳрезӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад онҳо дар яке аз меҳмонхонаҳои наздикии метрои Селигерскаяи шаҳри Маскав ҳуҷраҳои алоҳидаро иҷора гирифта, ба ҷалби духтарон оғоз кардаанд.

Мақомот мегӯяд, онҳо як зани 24-солаи шаҳри Бохтарро, ки дар тангдастӣ қарор доштааст, “бо ваъдаи ба даст овардани пули калон” ба танфурӯшӣ ҷалб кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, нисбати ин сокини 45-солаи Бохтар бо иловаи 1, қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятӣ барои “савдои одамон” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҳашт то дувоздаҳ сол пешбинӣ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Зане, ки ду нафарро ба Туркия бурда, ба фоҳишагарӣ водор кардааст, равонаи зиндон шуд

Аз ҳамроҳи ӯ, ки зани 28-солаи  ноҳияи Кушониён муаррифӣ мешавад, иттилоъи бештар дода намешавад ва маълум нест, ки ӯ низ боздошт шудааст ё не.

Ҷузъиёти дигари қазия маълум набуда, мақомот мегӯянд, дар робита ба ин парванда тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ҳардуи онҳо дар робита ба ин қазия чӣ назар доранд.

Бояд гуфт, ҷалби духтарони ҷавон барои фоҳишагӣ дар хориҷи кишвар, махсусан, Туркия ва Дубай борҳо расонаӣ шудааст. Ахиран, моҳи декабри соли 2023 Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои бо ваъдаи кор ба Туркия бурдану ба фоҳишагӣ водор кардани ду зани тоҷик 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон карда буд.

Пештар аз он Додгоҳи Олӣ Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол – 2012”-ро барои савдои одамон гунаҳкор дониста ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.