Зане, ки ду нафарро ба Туркия бурда, ба фоҳишагарӣ водор кардааст, равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои бо ваъдаи кор ба Туркия бурдану ба фоҳишагӣ водор кардани ду зани тоҷик 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора зимни гузориши телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд омода мекунад, иттилоъ дода шуд. Дар навор аз муттаҳам […]

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои бо ваъдаи кор ба Туркия бурдану ба фоҳишагӣ водор кардани ду зани тоҷик 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора зимни гузориши телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд омода мекунад, иттилоъ дода шуд.

Дар навор аз муттаҳам Манижа Неъматуллоева ном бурда шуда, гуфта мешавад, ки ӯ моҳи декабри соли 2021 ва январи соли 2022 бо роҳи фиреб ду ҷавонзанро бо ваъдаи кори сердаромад ба Туркия бурда, вале “зери асорати қарзӣ гузошта, давоми 1 сол ба фоҳишагарӣ водор ва зери истисмори шаҳвонӣ қарор додааст”.

“Судшаванда қасдан ҷиноят ба муқобили озодӣ, обрӯй ва эътибори шахсиятро дар ҳолати ҷалб намудан ба танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар содир намудааст, ки дар меҳвари кирдори ғаразнок даромади пулӣ меистад”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилоятти Суғд Манижа Неъматуллоева ҷавонзани дуввумро “бо маслиҳати шарикони ҷиноятиаш, ки дар хориҷа қарор доранд, ба истисмори шаҳвонӣ ҷалб кардааст”. Вале аз шариконаш ном бурда намешавад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Манижа Неъматуллоеваро барои савдои одамон (моддаи 130 иловаи 1 қисми 2 бандҳои а,б ва в Кодекси ҷинотяӣ) гунаҳкор дониста, 8 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мавқеи наздикон ва вакили дифои Манижа Неъматуллоева маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки ҷалби духтарони ҷавон барои фоҳишагӣ дар хориҷи кишвар, махсусан Туркия ва Дубай сари чанд вақт расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи июли соли равон Додгоҳи Олӣ Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол – 2012”-ро барои савдои одамон гунаҳкор дониста ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Худи Ҷамолиддин Расулов зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ иттиҳомро рад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.