Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1931 –  Ноҳияҳои Ғарм (ҳоло Рашт) ва Ҷиргатол (ҳоло Лахш) таъсис ёфтанд.

Соли 2009 – Дар Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни маориф қабул гардид, ки тибқи он истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ расман манъ карда шуд.

Соли 2010 – Дар шаҳри Душанбе 56 узви созмони мазҳабии тундгароии “Ҷамоати таблиғ” ба ҳабс маҳкум гардиданд. Ин созмон дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгаро шинохта шуда, фаъолияташ манъ аст.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони расонаҳо бахшида ба 100-солагии рӯзномаи “Бухорои шариф” пешниҳод намуд, ки ҷазо барои тӯҳмат сабуктар карда шавад.

Соли 2020 – Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нақшаи вокуниш ба пандемияи COVID-19 баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1971 – Мавлуди Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва шоири тоҷик.

 

Абдуллоҳи Раҳнамо Техникуми полититехникии Душанбе ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1999-2005 дар дастгоҳи иҷроияи президент кор карда, баъдан ҳамчун мутахассиси калони Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 2012 сардори раёсати номбурда таъйин гардида, минбаъд дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии марказ ва чанд соли ахири мушовири раиси ин марказ буд.

Аз соли 2021 то 2025 мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли гузашта, дар пайи як тағйироти кадрӣ дар ин ниҳоди ҷамъиятӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат"-и ин иттифоқ таъин гардид. 

Абдуллоҳи Раҳнамо соли 2010 Муассисаи таълимии “Литсейи Раҳнамо”-ро таъсис додааст, ки ҳоло яке аз  беҳтарин мактабҳои типи муосир дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Абдулло Раҳнамо муаллифи беш аз 20 китоби илмию таҳлилию оммавӣ, аз ҷумла китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ”, “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ”, “Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?” “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон: ҷамъбасти назариявӣ” ва “Дидгоҳи давлатмеҳвар” аст.

Ӯ ба ҳайси коршиноси сиёсӣ низ дар расонао ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва сари ҳар чанд вақт мавқеашро дар робита ба ин ё он мавзӯи рӯз баён мекунад.

Соли 1934 – Зодрӯзи Шодон Ҳаниф, нависанда, драманавис ва тарҷумони тоҷик.

 

Шодон Ҳаниф шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Солҳо дар рӯзномаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”), “Ирфон”, “Садои Шарқ” фаъолият бурдааст.

Инчунин солҳо тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон буд. Солҳои 1980-1985 директори шуъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ӯ муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои “Майна”, “Алмос”, маҷмӯаи очеркҳои “Дидор”, “Кӯҳ ба кӯҳ мерасад”, повесту романҳои “Оҳугузар”, “Бедорӣ”, “Ҷон ба гарав”, “Хунбаҳо”, “Уқоби захмин”, “Дар паноҳи Ҳиндукуш”, асарҳои драмавии “Домоди шаҳрӣ”, моҷарои “Обфурӯш” аст.

Шодон Ҳаниф 5 майи соли 2007 дар 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1937 – Зодрӯзи Улфатмо Мамадамбарова, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1939 – Мавлуди Рафоат Абдусаломова, рӯзноманигор, аввалин наттоқи телевизиони тоҷик.

 

Рафоат Абдусаломова соли 1963 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Аз соли 1959 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият бурд. “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” аз барномаҳои муаллифии ӯ дар телевизиони Тоҷикистон аст.

Рафоат Абдусаломова муаллифии китобҳои “Телевизион – ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ – чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” ва маҷмӯаи шеърии “Парвози дил” аст.

Ӯ 24-уми октябри соли 2023 дар 84-солагӣ даргузашт.

Дар ин мақолаи "Азия-Плюс" "Аз наттоқ то журналисти касбӣ. Аз марги нахустнаттоқи телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова як сол гузашт" дар бораи кору пайкори ин наттоқи шинохтаи тоҷик ва хотироти ҳамкасбону ҳамкоронаш дар бораи ӯ маълумот гиред.

Соли 1945 – Зодрӯзи Сироҷиддин Бандаев, кимиёшиноси тоҷик.

Соли 1946 – Мавлуди Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи театру синамо.

 

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев аз ҳунарпешагони маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо ва театр номи худро мондагор кардааст. 

Ӯ хатмкардаи Институти театру кинои Маскав буда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ ва як силсила нақшҳо офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Шикори охирин”, “Хайр кабудии тобистон”, “Тали мамнӯъ”, “Ситораҳо дар шаб”, “Соя” ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев ҷолибанд.

Ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили “Парвози хушдоманам”, “Сабзабаноз”, “Қисмат”, “Фиреби хаёл”, “Шифо”, “Чакидаҳо” низ нақшҳои хотирмон бозидааст.

Ҳунарпеша 7-уми январи соли 2021 дар синни 74 аз олам чашм баст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпеша ва овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

Бобоҷон Ҳасанов хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) мебошад. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 1972 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб оғоз карда, қариб 30 сол дар ин боргоҳи ҳунар ҳамчун бозигар, коргардон ва сароянда фаъолият дошт. Сипас, соли 2001 ба Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ омад.

Ӯ дар театр беш аз 100 нақш офаридааст, ки аксаран асосӣ ва ҳамагӣ табиӣ ва самимию ҷаззобанд.  "Ҳуррият", "Робияи Балхӣ", "Табиби зӯракӣ", "Айбномаи хотимавӣ", "Карим-Девона", "Восеъ", "Дар чорсӯ", "Мири Кабир", "Заволи Чамбули Мастон", "Офарин Шерак", "Шамшер ва рангинкамон", "Зани оҳанин", "Сафар Амиршоев" аз зумраи намоишномаҳоанд, ки ҳунари ӯ дар онҳо бештар зуҳур намудааст.

Дар ҷодаи сарояндагӣ низ пештоз буда, як силсила таронаҳои ҷаззоб, чун "Бишкан", "Бӯса ба дарё задам", "Суруди сулҳ", "Ҳадиси лаб", "Тоҷикистон", "Падар" сароидааст.

Соли 1954 – Мавлуди Муҳсин Аминзода, шоири тоҷик, фарзанди Муҳиддин Аминзода.

Соли 1983 – Зодрӯзи Бахтовар Сафарзода, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.

Соли 2014 – Амир Қароқулов, доктори илмҳои кишоварзӣ, собиқ раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар синни 71-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10-уми март Рӯзи байналмилалии занони додрас (International Day of Women Judges) таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади эътироф ва қадрдонии саҳми занон дар низоми адлия ва таъмини адолати додгоҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муайян шудааст.

 

Таъсиси Рӯзи байналмилалии занони додрас ба соли 1993 бармегардад, вақте ки дар Конгресси байналмилалии занони ҳуқуқдон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ қарор қабул шуд, ки ҳар сол 10 март ҳамчун рӯзи махсус барои ҷашнгирии дастовардҳои занон дар соҳаи ҳуқуқ ва таъмини адолат таҷлил шавад.

10 -уми марти соли 1889 Алмон Браун Строуджер, соҳибкори амрикоӣ истгоҳи телефонии худкорро патент кард ва бо ин унвони “Падари ҳамаи АТС”-ро ба даст овард. Строуджер дар Канзас-Сити фурӯшандаи асбобҳои гӯручӯбкунанда буд, аммо тиҷораташ ба сабаби ришваситонии як телефонистка хароб шуд. Ҳамин сабаб шуд, ки ӯ ихтироъкори низоми рақамзанӣ бе миёнарав гардид.

 

Рӯзи 10-уми марти соли 1910 бо фармони императори ноболиғ, Пу И дар Чин ғуломдорӣ расман манъ карда шуд. Пу И охирин императори таърихи Чин буд. Ин яке аз охирин амалҳои ҳокимияти чандинасраи императорӣ буд, ки дар натиҷаи инқилоби солҳои 1911-1913 сарнагун гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард. 

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 1000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона-2+3º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 4+6º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 10 ба 11-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.