Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Маскав сарони кишварҳои шаш кишвари узви ИДМ – Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Русия дар нишасти ғайрирасмӣ иштирок мекунанд. Сарони кишварҳи дигари узви иттиҳод аз иштирок дар нишаст бо сабабҳои гуногун даст кашиданд.
Дар чаҳорчӯбаи нишасти ғайрирасмӣ мусобиқоти пойгаи аспдавонӣ барои ҷоизаи президенти Русия баргузор мешавад. Ба ҷуз намояндагони Русия, дар пойгаи аспдавонӣ намояндагони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова низ ширкат меварзанд. Барои ҷоизаи асосӣ 12 аспи хушзоти даванда бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Хазинаи мукофотпулии пойгаи аспдавонӣ 7 млн. рубли русиро ташкил дода, ин мусобиқот бори нахуст 3-юми июни соли 2004 доир гардида буд.