Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷаласаи Маркази ҳамоҳангсозии масоили иқтисодиву иҷтимоиро доир месозад

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории пойтахти ҷумҳурӣ бо мақсади сабуктар гардонидани таъсири бӯҳрони молӣ ва рушди соҳибкорӣ қарор кард, 14-уми марти соли ҷорӣ ҷаласаи махсуси Маркази ҳамоҳангсозии масоили иқтисодиву иҷтимоиро доир созад. Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа иштироки намояндагони субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории пойтахти ҷумҳурӣ бо мақсади сабуктар гардонидани таъсири бӯҳрони молӣ ва рушди соҳибкорӣ қарор кард, 14-уми марти соли ҷорӣ ҷаласаи махсуси Маркази ҳамоҳангсозии масоили иқтисодиву иҷтимоиро доир созад.




Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа иштироки намояндагони субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият ва васоити ахбори умум пешбинӣ мегардад. «Мақомоти шаҳрдории кишвар ният дорад дар фазои кушоду шафффоф ҳамроҳи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мушкилоти мавҷудаи рушди соҳибкории хурду миёнаро мавриди баррасӣ қарор диҳад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Ш.Саидов, соҳибкорони пойтахт метавонанд дар баргузории ин чорабинӣ саҳм бигиранд. «Шахсоне, ки хостори огаҳ гаштан бо рӯзнома ва масоили тадорукоти ҷаласа мебошанд, метавонанд ба раёсати шаҳрии рушди иқтисод ва фаъолияти зиддинҳисорӣ ва маркази рушду дастгирии соҳибкории шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд», – афзуд Ш.Саидов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.