Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ивар Викки раиси нави Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон таъин гардид. Номбурда қаблан дафтари созмони мазкурро дар шаҳри Алмаато роҳбарӣ мекард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА иттилоъ доданд, Ивар Викки бояд ҳафтаи оянда ба шаҳри Душанбе омада, аз 10-уми август ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ намояд.
Аз соли 2007 ба ҳайси роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин ифои вазифа мекард. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.