Вазорати маориф: Сатҳи дониши толибилмон дар литсейҳои тоҷикиву туркӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давоми ҳафтаи сипаригашта муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Абдуҷҷаббор Раҳмонов аз як қатор муассисаҳои таълимии пойтахт ва ноҳияҳои тобьеи марказ боздид намуданд. Тавре сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳайати намояндагонро дониши толибилмони синфҳои 8-11 дар литсейи президентӣ аз […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давоми ҳафтаи сипаригашта муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Абдуҷҷаббор Раҳмонов аз як қатор муассисаҳои таълимии пойтахт ва ноҳияҳои тобьеи марказ боздид намуданд.




Тавре сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳайати намояндагонро дониши толибилмони синфҳои 8-11 дар литсейи президентӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ ва математика қаноатманд насохта, ба мақомоти раҳбарии литсей супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро таҳия сохта, иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва оид ба натиҷаҳои он ба вазорат ҳисобот пешниҳод намоянд.



Муовини сарвазир ва вазири маорифро сатҳи дониши хонандагон дар литсейҳои тоҷикиву туркӣ ва мактаби байнулмилалӣ низ қонеъ нагардонид. Ба гуфтаи Н.Нуралиев, сарфи назар аз муҳайё сохтани тамоми шароит сатҳи дониши толибилмон беҳбуд мехоҳад. «Гузашта аз ин, вазир ба намояндаи вазорат А.Алиев, ки ба фаъолияти литсейҳои тоҷикиву туркӣ масъул аст, танбеҳ эълон намуд ва қарор шуд, аз 2 то 5-уми майи соли равон санҷиши такрорӣ гузаронида шавад», – гуфт сухангӯи вазорат.



Ғайр аз ин, дар ҷараёни боздиди мазкур як қатор директорони макотиби ноҳияи Рӯдакӣ муҷозот шуданд. «Бо қарори вазири маориф директори мактаби таҳсилоти умумии рақами 42-и ҷамоати Роҳатӣ дар робита ба риоя накардани талаботи қарори вазорати маориф оид ба баргузории чорабинии «Хатми Алифбо» аз мансаб сабукдӯш гардида, бо ҳамин ҷурм директори мактаби рақами 108 огоҳӣ гирифт», – афзуд Н.Нуралиев.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.