Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми мусиқии тарбиятгирандагони студияи “Арабеск” бо унвони баргузор мешавад. Арзиши билет 30 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2011 – Тоҷикистон ва САҲА оид ба рушди милитсияи тоҷик ва ислоҳоти он Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Соли 2013 – Байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон барои барқарорсозии сохтмони нақби “Истиқлол” ёддошти иловагӣ ба имзо расид.

Соли 2017 – Бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои “Airbus A320”-и Ӯзбекистон бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

Соли 2022 – Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии варзиши сайберӣ дохил шуд.

Соли 2024 – Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиротро ба қонуни “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” қабул карданд, ки мувофиқи он, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд аз давлат кумаки молиявӣ гиранд.

Соли 2024 – Парлумони Тоҷикистон ду созишномаи ҳарбӣ бо Туркияро тасдиқ кард, ки дар онҳо харидории силоҳ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо бесарнишин (БПЛА) аз ин кишвар ва инчунин омӯзиши сарбозони тоҷик дар марказҳои таълимии ҳарбии Туркия пешбинӣ шудааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1955 – Мавлуди Махфират Ҳамроқулова, овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Махфират Ҳамроқулова

Ӯ сарояндаи дастаи эстрадии “Гулшан” буда, ҳанӯз замоне ки ҷавон буд, узви ин ансамбл гардид. “Гулҳои Душанбе”, “Дили манӣ”, “Боз бигирям”,“Баҳори лолазори ман”, “Тоҷикистон”, “Умед”, “Шаби ошиқон”, “Духтари дарё”, “Хоҳаракам” аз беҳтарин таронаҳои овозхон мебошанд.

Махфират Ҳамроқулова солҳои 90-ум бо хонаводааш ба Русия кӯчида, чанд сол онҷо зиндагӣ кард ва сипас ба  Амрико сафар карда, дар ҳамон ҷо бо оилааш сукунат гирифт.

Соли 1993 – Раҳмон Набиев, аввалин президенти Тоҷикистон дар замони истиқлолият дар 62-солагӣ даргузашт.

Раҳмон Набиев

Раҳмон Набиев нахустин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон буда, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои зиёд раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1946 ба ҳайси муҳосиб дар колхоз шурӯъ карда, баъди хатми техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (Хуҷанд) ва Институти ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошканд, солҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ кор кардааст.

Раҳмон Набиев аз соли 1961 ба кори ҳизбӣ гузашта, солҳои 1971-73 вазири хоҷагии қишлоқ, солҳои 1973-1982 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва солҳои 1982-1986 Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон буд. Ӯ инчунин дар чанд навбат вакили Шӯрои Олиии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

24-уми ноябри соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо касби 56 дарсади овозҳо ғолиб дониста шуд. Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва 7-уми сентябри соли 1992 дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе як гурӯҳи силоҳбадастон Раҳмон Набиевро ба истеъфо аз мансаби президентӣ маҷбур карданд. Раҳмон Набиев 11-уми апрели соли 1993 дар синни 62 дар Хуҷанд даргузашт.

Соли 1984 – Зодрӯзи Ҷамила Мусоҷонзода, вакили феълии Маҷлиси намояндагон.

Соли 1993 – Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ аз олам чашм баст.

Ҷалол Икромӣ

Ҷалол Икромӣ, нависандаи забардасти тоҷик соли 1928 Дорулмуаллимини шаҳри Бухороро хатм намудааст. Ӯ соли 1930 ба Душанбе омада, ба фаъолияти адабӣ пардохт. Чанде мудири бахши адабии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.

Аввалин ҳикояи нашршудаи Ҷалол Икромӣ “Шабе дар Регистони Бухоро” буда, баъди ин нахустин қиссааш – “Тирмор”-ро эҷод кардааст.

Минбаъд марҳила ба марҳила романҳояш “Шодӣ”, “Ман гунаҳкорам, “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун”, романи ҳаҷвии “Саргузашти Сафармахсум” ва “Сафармахсум дар Бухоро”, “Зоғҳои бадмур”, “Хатлон”, “Гули бодом аз Конибодом”, қиссаи “Тори анкабут” мунташир гаштанд.

Дар бораи устод Садриддин Айнӣ хотироти муассире эҷод кардааст, ки соли 1972 дар шакли китоби алоҳидаи “Устоди ман, мактаби ман ва худи ман” ба дасти хонандагон расидааст.

Соли 2001 – Ҳабиб Сангинoв, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Душанбе дар 50-солагӣ ба ҳалокат расид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

11 апрел Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории Паркинсон таҷлил мешавад. Ин сана бесабаб интихоб нашудааст. 11 апрели соли 1755 Ҷеймс Паркинсон – табиб ва муҳаққиқи инглис ба дунё омадааст, ки аввалин шахсе буд бемории ба номаш мутааллиқро тавзеҳ дод.

Бемории Паркинсон бемории суст рушдёбандаи дегенеративӣ буда, нишонаҳояш ларзиши бадан, мушкилот дар ҳаракат ва қатъшавии фаъолиятҳои ҷисмонӣ мебошад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ тақлил мешавад. Ин сана ба шӯриши байналмилалии маҳбусони лагери Бухенвалд бахшида шудааст, ки 11-уми апрели соли 1945 рух дода буд.

Бухенвалд яке аз лагерҳои бузурги консентратсионӣ дар Олмон буд, ки дар наздикии шаҳри Веймар, Тюрингия ҷойгир буд ва аз соли 1937 то апрели 1945 амал мекард. Дар он беш аз 56 ҳазор нафар аз 18 миллат, аз ҷумла 19 ҳазор асири ҷангии шӯравӣ кушта шуданд. 11 апрели соли 1945 маҳбусон бо шунидани наздикшавии нерӯҳои муттаҳид шӯриш карданд ва баъд аз чанд рӯз нерӯҳои амрикоӣ вориди лагер шуданд.

11 апрели соли 1919 Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) ташкил ёфтааст. СБМ стандартҳои меҳнатии байналмилалиро таҳия намуда, барномаҳои беҳбуд бахшидан ба шароити кор ва зиндагии кормандонро омода мекунад. Соли 1946 СБМ нахустин агентии махсуси СММ шуд. Имрӯз 187 кишвар узви он ҳастанд.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии аниматсиясозон таҷлил мешавад. Ин рӯзро асосан дӯстдорони анимеи ҷопонӣ ҷашн мегиранд. Мақсади ин рӯз рушди бахши аниматсия дар ҷаҳон аст. Он аз асри XX сарчашма мегирад ва аввалин намунаи боқимондааш “Katsudo Shashin” аст, ки танҳо 3 сония давом мекунад.

Осаму Тэдзука падари аниматсияи муосир ҳисобида мешавад. Ӯ аввалин комикси худро бо номи “Shin Takarajima” навишт ва бо комикси маъруфи “Tetsuwan Atomu” ба комёбӣ расид. Имрӯз тасвирҳои аниматсионӣ на танҳо барои кӯдакон, балки барои наврасон ва калонсолон низ сохта мешаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони суст меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони суст меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 2+4º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 11 ба 12-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.