Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

Шаҳноз Ализода, asia+

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон 49,6 млн евро қарзу грант медиҳад. Аз ин, 28 млн евро қарз ва боқимонда кумаки бебозгашт ё грант мебошад. Фоизи солонаи қарз 0,5% буда, бояд давоми 20 сол баргардонида шавад.

Созишномаи қарзиро вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи парлумон, рӯзи 1-уми апрел ба тасвиб расонданд.

Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молия зимни муаррифии созишнома гуфтааст, ки ҳадафи он коҳиши талафот, беҳтаркунии тартиби пардохти пули барқ ва ҷамъоварии маблағ аз истифодаи барқ мебошад.

Аз Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар доираи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ”, аз БАТР 49,6 млн евро ҷалб шудааст, ки 28 млн евро қарз, 15 млн евро грант ва 6,6 млн евро кӯмаки техникӣ дар шакли грант мебошад.

“Ҳадафи асосии он иваз кардани инфрасохтори кӯҳна, коҳиши талафот, ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ, беҳтарсозии тартиби пардохт ва ҷамъоварии маблағ мебошад”,-гуфтанд аз Вазорати молия.

Аз ин ниҳод зикр карданд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур, навсозии шабакаҳои тақсимоти барқ дар 9 филиали шабакаҳои тақсимоти барқ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар назар буда, татбиқи он аз декабри соли 2025 оғоз шуда, то 30-юми майи соли 2030 идома мекунад.

Ба иттилои вазорат, фоизи солонаи қарзи ҷалбшуда 0,5%+ Eurobor буда, дар 20 сол бояд баргардонида шавад. Аз Вазорати молия гуфтанд, ки 6 соли аввал танҳо фоизи қарз пардохт карда шуда, дар 14 соли оянда қарзи асосӣ бо фоизи он ҳисобӣ карда мешавад.

Тавре аз ин ниҳод шарҳ доданд 0,5%+Eurobor, маънои онро дорад, ки вобаста ба биржаи ҷаҳонӣ дар вақти пардохти қарз ба он фоизи мушаххас илова мешавад. Фоизи Eurobor дар биржа ҳамарӯза иваз мешавад. Масалан агар фоизи қарзи додашуда 0,5% + Eurobor бошад ва рӯзи қарздиҳӣ фоизи  Eurobor 0,2% бошад, пас меъёри фоизи қарз 0,7% хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки созишномаи мазкурро, рӯзи 4-уми декабри соли гузашта Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Холгер Вифел, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон имзо карда буданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паёми худ дар парлумон гуфт, ки  талафоти нерӯи барқ дар кишвар давоми 11 моҳи соли 2025-ум 3 миллиард кВт соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион кВт соат кам шудааст.

Раисҷумҳур таъкид кард, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд”.

Коршиносон талафоти нерӯи барқро ба таъмирталаб будани тронсформатору зеристгоҳҳо ва симчӯбҳо рабт дода мегӯянд, ки бояд иваз шаванд то дар интиқоли нерӯи барқ мушкилӣ ба вуҷуд наояд. Ҳарчанд масъулин мегӯянд сатҳи талафоти нерӯи барқ дар каишвар ба 13% кам шудааст, вале коршиносон мегӯянд, ки талафот ба маротиб зиёд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.