Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

asia+

Ҳар қадар кӯдак калонтар шавад, масъалаи интихоби касби ояндаи ӯ волидайнашро ба ташвиш меорад. Интихоби касб метавонад ҳатто дар синни калонсолӣ идома ёбад, вале дар синфҳои болоӣ (10-11) метавон ба кӯдак ҳадди ақалл дар интихоби самт кумак кард.

“Азия-Плюс” бо кумаки Гулрӯ Гулосова, омӯзгори фанни таърихи мактаби №8-и пойтахт дар бораи тарзи дурусти интихоби касби хатмкунандагони мактаб мавод омода кард.

Касбҳои замони муосир

Ҳамроҳ омӯзед ва ба кӯдаки худ дар бораи ихтисосҳои нав маълумот диҳед, зеро самтҳои зиёде пайдо шудаанд, ки дар ояндаи наздик талабот хоҳанд дошт.

Даро ҷойи аввал албатта, ба фанновариҳои иттилоотӣ ва рақамӣ аст. Ин барномасоз/таҳиягари нармафзорҳо (Full-stack, backend, frontend) мебошанд. Чунин давраҳои омӯзиширо метавон дар бисёр мактабҳои барномасозӣ ва марказҳои таълимӣ на танҳо дар Душанбе, ҳамчунин дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ пайдо кард.

Дар ҷои дуввум, муҳандисони ҳуши маснӯӣ ё худ зеҳни сунъӣ (AI/ML), мутахассисони амнияти сайберӣ, мутахассиси додаҳо ва таҳлил, таҳиягарони барномаҳои мобилӣ, таҳиягарони Blockchain / Web3 қарор доранд. Ин касбҳоро метавон ба таври фосилавӣ низ омӯхт. Илова бар ин, яке аз бартариҳои асосии чунин касбҳо дар хона ва ҳатто дар як корпоратсияи байналмилалӣ кор кардан аст. Танҳо агар интернети устувор таъмин бошад.

Имрӯз кадом касбҳо серталабанд?

Истеҳсолот ва логистика

Имрӯз ин соҳаҳо аллакай бештар бо фанновариҳои муосир марбутанд:

– оператори паҳподҳо (дастгоҳҳои парвозии бесарнишин ё худ дронҳо), ки борҳои ба ҷойҳои дастрасиашон душвор мерасонанд. Он атто дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан аксбардории ҳавоӣ истифода мешаванд;

– муҳандиси робототехник, ки роботу системаҳои техникии худкор (автоматишуда)-ро сохта, тарҳркашиву барномарезӣ ва хидматрасонӣ мекунад. Ӯ ба танзим ва хидматрасонии роботҳои саноатӣ машғул шуда, назорат мекунад, ки тарзи худкоришуда воқеан сифати маҳсулотро беҳтар кунад.

Экология

Дар соҳаи экология низ касбҳое пайдо мешаванд, ки ба онҳо метавон таваҷҷуҳ кард. Масалан, муҳандиси эколог (технологияҳои аз лиҳози экологӣ бехатар ва системаҳои тозакуниро таҳия мекунад), эколог-таҳлилгар (додаҳоро таҳлил ва арзёбӣ мекунад), мушовир дар соҳаи экология, шаҳрсоз (убанист)-эколог (ба тарҳрезии шаҳрҳои экологӣ кумак мерасонад), мутахассиси энергетикаи барқароршаванда ва ғайра.

Тиб

Талабот ба кормандони тиб ҳамеша ҳаст ва хоҳад буд. Имрӯз генетикҳо, мутахассисони тиб, ки ба таври фосилавӣ бо истифода аз сабт ё алоқаи видео кумак мекунанд, ташхис, машварат ва мониторинги ҳолати беморонро анҷом медиҳанд, инчунин биотехнологҳо (мутахассисоне, ки организмҳои зинда, системаҳои биологӣ ё маҳсули онҳоро барои таҳияи дору ва маводи нав истифода мебаранд) маъмуланд. Аммо табибони одӣ дар ҳама ихтисосҳо барои ҷумҳурӣ хеле заруранд.

Бонкҳо

Албатта, мисли ҳамеша, соҳаи бонкӣ серталаб буда, ба он таҳлилгарони молиявӣ, мутахассисони FinTech (хидматҳои молиявии рақамиро таҳия, ҷорӣ ва хидматрасонӣ мекунанд) ва дигар мутахассисон лозиманд.

Бисёр касбҳое, ки имрӯз дар бозори меҳнат маъмуланд, бо IT ва барномасозӣ алоқаманданд.

Интихоби касбҳо хеле бузург буда, аммо бо пайдоиши фанновариҳо ва абзорҳои нав талабот аксаран тағйир меёбад.

Дар литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳои кишвар бештар аз ҳама ихтисосҳои марбут ба сохтмон талабот доранд. Азҷумла кафшергар, рангуборчӣ, сангчин (хишткор), насбгари таҷҳизот, устои барқ (барои писарон), инчунин қаннодӣ ва дӯзандагӣ (барои духтарон) серталабанд.

Дар солҳои охир инчунин таваҷҷуҳ ба ихтисоси устои хидматрасони мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо боло меравад. Дар байни духтарон ихтисоси “муҳосиб бо дониши компютерӣ” бештар маъмул аст. Дар ин бора 3-юми феврали ҳамин сол дар нишасти матбуотӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Ҳангоми интихоби касб чӣ гуна ба хатогӣ роҳ надиҳем?

Хоҳиш ва шавқу рағбати наврас ба як қатор омилҳо вобаста аст, ки дар байни онҳо синнусол мавқеи алоҳида дорад. Дар кӯдакӣ ҳама мехоҳанд, ки яке аз қаҳрамонони филмҳои тасвирии машҳур ё филмҳои ҳарбӣ бошанд.

Аммо пас аз синфҳои 6–7 ба шавқу рағбатҳои огоҳонаи кӯдак бояд бодиққаттар муносибат кард. Дар ҷараёни як суҳбати одӣ фаҳмидан душвор нест, ки оё ӯ (масалан) нақша дорад маҳорати расмкашии худро ба касби рассом табдил диҳад ва худро дар ин касб чӣ гуна тасаввур мекунад?

Агар посух мусбат бошад, метавон андеша кард, ки чӣ гуна ба ӯ дар рушди қобилияш кумак расонд ва аввал ягон давраи омӯзишиву баъдан аллакай донишгоҳро ҳам интихоб кард.

Хонанда ҳамеша фанҳои дӯстдошта ва баръакси он дорад, ки бар асоси онҳо метавон майл ба илмҳои гуманитарӣ ё дақиқро муайян кард. Агар ӯ масъалаҳоро хуб ҳал кунад, ин маънои онро надорад, ки ӯ бояд мутахассиси соҳаи риёзӣ (математик) ё физика шавад. Касбҳои духтур, иқтисодчӣ, маркетолог (бозорёб) ё барномасоз низ малакаи хуби ҳисоб карданро талаб мекунанд.

Дар куҷо метавон кор ҷуст?

Дар Тоҷикистон ҳам ба воситаи дустону ва ҳам дар сомонаҳои маҳаллӣ, ки дар онҳо ҷойҳои кории холӣ низ нашр шудаанд, метавон кор ҷуст. Аз ҷумла дар сомонаҳои yora.tj, somon.tj, rg.tj ё korgar.tj.

Тавсияҳо барои волидайн

Вақте ки шуғл ба кори дӯстдошта табдил меёбад ва инсон бо хушнудӣ пул кор мекунад, ин ҳолати олӣ аст.  Аммо вақте ки интихоби касб ба кӯдак аз ҷониби калонсолон бидуни назардошти майлу хоҳиш ва қобилияту истеъдодҳои ӯ таҳмил карда мешавад, бад аст.

Дар чунин ҳолатҳо маъмулан чунин мегӯянд: “Дар оилаи мо ҳама табиб буданд (муҳандисон, олимон, ҳунармандон ва ғайра), анъанаро қатъ накун ва барои табиб шудан таҳсил кун”.

Ба кӯдак бояд имкон дод, ки роҳи зиндагии худро пайдо кунад ва ба ӯ танҳо кумаку роҳнамоӣ лозим аст. Агар фарзанди хонандаи синфҳои болоии шумо якбора чанд касби ҷолибро дар назар дорад, метавон ҳамроҳ бо ӯ санҷишҳо (тестҳо)-и махсуси роҳнамоии касбиро гузашт ва бо ҳамин тарз муассисаи таълимии муносибро интихоб кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров