Дар озмуни байналмилалаии “JEO, SEO – 2026” аз фанни забони англисӣ 28 хонандаи тоҷик сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм шудаанд. Марҳилаи ниҳоии озмун аз 12 то 16-уми апрел бо ширкати намояндагони беш аз 18 кишвар дар шаҳри Сиднейи Австралия баргузор шуд.
Дар умум, 44 хонандаи тоҷик аз ҷониби “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон интихоб ва барои иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ ба Австралия рафтанд.
Бибисоро Махатова, хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болиёқат дар шаҳри Душанбе,яке аз ҷоизадорони ин озмун мегӯяд, даври ниҳоӣ ба тариқи тестӣ баргузор шуда, ғолибон аз рӯйи холҳои бадастовардаашон эълон шудаанд.
“Моро устодон ҳамроҳӣ карданд ва озмун дар сатҳи баланд гузашт. Агар ба тариқи шифоҳӣ мегузашт ба эҳтимоли зиёд, ҷойи аввалро соҳиб мешудам. Забони англисиро дар сатҳи “B2” медонам ва хушҳолам, ки чунин таҷрибаи хуб дарёфт кардам”, – мегӯяд ин хонанда.
Ин хонандаи тоҷик мегӯяд, ният дорад минбаъд низ дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ба даст орад. Ӯ мегӯяд, дар оянда нақша дорад тарҷумони забони англисӣ шуда, ба насли наврас ин забонро омӯзад.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии “JEO,SEO – 2026”, 28 хонандаи мактабҳои пойтахт, аз ҷумла, 1 нафар медали тилло, 3 кас, медали нуқра ва 24 тани дигар медали биринҷӣ гирифтанд.



