Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

asia+

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23-юми апрел, дар вазоратҳои дифоъ, корҳои хориҷӣ, Нерӯҳои марзбонии КДАМ, кумитаҳои замин ва телевизиону радио тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, Ҳамро Ҷунайдулло, муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ақибгоҳ таъин шуд.

Инчунин сафирони Тоҷикистон дар Кувайту Уммон ва консули Истанбул нав шуданд. Зубайдулло Зубайдзода сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки ҳамзамон сафир дар Уммон буд, аз намояндаи Тоҷикистон дар Кувайт озод шуд. Акнун ӯ танҳо сафир дар Уммон аст.

Ба ҷойи ӯ сафир дар Кувайт Хусрав Нозирӣ, ки то кунун мудири кулли Созмони байналмиллалии исломии амнияти озуқаворӣ буд, таъин шуд.

Ҳамчунин, имрӯз Суҳроб Нуралӣ, ки то ин дам сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул таъин шуд. Ӯ дар ин мансаб Зоҳир Мирзозодаро иваз кард.

Суҳроб Нуралӣ моҳи декабри соли гузашта ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуда буд. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ масъули бахши матбуоти ВКХ шудааст.

Инчунин, бо фармони раисҷумҳур Саидҷафар Мамарасулзода аз вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод карда шуд. То ҳол маълум нест ба ҷойи ӯ кӣ таъин шудааст. Ӯ аз соли 2017 то инҷониб дар ин вазифа кор мекард.

Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Олимшо Аслонзода, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ то кунун дар вазифаи сардори шӯъбаи байналмилалии Саридораи геология кор мекард.

Аслонзода дар ин вазифа Табассум Азиззодаро, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуд, иваз кард.

Ҳамчунин, бояд гуфт, Институти фалсава, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Тоҷикистон ба ду ниҳоди алоҳида табдил дода шуд: Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинов ва Институти давлат ва ҳуқуқ.

Нозим Маҳмадизода, ки директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинов буд, баъди тағйири сохтори ниҳод дубора директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинов таъин шуд. Парвон Мирзозода бошад, ба курсии директори Институти навтаъини давлат ва ҳуқуқи АМИТ такя зад.

Дар пайи тағйироти имрӯза ҳамчунин, Дилафрӯз Рустамзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мансаби муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷояш Барно Соҳибзода таъйин шуд. Соҳибзода то ин дам рӯзноманигор ва роҳбари яке аз идораҳое дар ТВ “Ҷаҳоннамо” буд. Вазифаи нави Рустамзода то кунун маълум нест.

Алӣ Шариф, шореҳи маъруфи тоҷик роҳбари телевизиони “Варзиш” таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Парвиз Нориёнро иваз кард, ки чанд моҳ пеш муовини роҳбари Хадамоти алоқа таъйин шуда буд.

Ин шореҳи тоҷик то кунун муовини аввали раиси телевизиони “Варзиш” буд.

Инчунин, Саъдӣ Исматзода аз вазифаи роҳбари Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон озод шуд ва ба курсии ӯ Ҳақназар Каримзода такя зад.

Саъдӣ Исматзода 5 соли охир роҳбари Академия буд. Сабаби барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, вале то кунун курсии наваш маълум нест.

Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Ҳақназар Каримзода то ин дам муовини роҳбари Академияи ВАО ва қаблан сармуҳаррири рӯзномаи “Мароми пойтахт” буд.

Инчунин, Лутфия Абдулхолиқзода аз вазифаи муовини вазири маорифи Тоҷикистон озод ва ба маснади директори “Китобхонаи миллӣ” таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Ҷумахон Файзализодаро, ки сабаби барканориаш расидан ба синни нафақа арзёбӣ шудааст, иваз кард.

Ба ҷойи Лутфия Абдулхолиқзода кӣ таъин шудааст, ҳоло маълум нест.

Собир Ташрифзода, ки то инҷониб сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳрдории Душанбе буд, ба вазифаи директори “Варзишгоҳи миллӣ”, ки сохтмони он то ҳол идома дорад, таъин шуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Бобозода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шуд. Ӯ то ин дам директори Институти заминсозӣ-лоиҳакашии Тоҷикистон буд.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар мегӯяд, ҳамчунин, комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони баъзе отряду дигар воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба таъин шудаанд.

Эмомалӣ раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин гуфтааст, ки “фаъолияти мақомоти марбута дар самти пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар молу маҳсулот аз ҳар як марзбон ҳушёриву зиракӣ ва далериву шуҷоатро талаб менамояд. Кашфи фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ бояд ҳаматарфа мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта,  роҳу усулҳои мураккабу пешгӯинашавандаи қочоқчиён ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.