Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Идибеки Саид, asia+

Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Машҳади Эрон, ки қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, имрӯз, 24-уми апрел барқарор шавад, бекор шуд.

Дар назар буд, ки ҳавопаймои ширкати “Вориш”-и Эрон имрӯз аз Машҳад парвоз карда, нисфирӯзии 24-уми апрел дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд ояд ва аз ин ҷо соати 14:30 ба вақти Душанбе дигарбора ба Машҳад парвоз кунад.

Аз ширкати ҳавопаймоии эронӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, далели лағви парвоз ин буд, ки “яке аз кишварҳо барои убури ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоияш иҷозат надод”. Маълум нест, ки ин кадом кишвар ва чаро он барои парвози ҳавопаймо иҷоза надодааст.

Дар лавҳаи рафту баргашти хатсайрҳои сомонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ, нишон дода шудааст, ки парвози Машҳад-Душанбе ва баръакс барои имрӯз бекор шудааст.

Аз ширкати “Вориш” изҳор доштанд, ки ин хатсайр бо дарёфти иҷозаи истифодаи ҳарими ҳавоии кишваре, ки иҷозаи убури ҳавопаймои ин ширкат аз осмонашро надодааст, рӯзи сешанбе ва ё ҷумъаи ҳафтаи оянда парвози худро барқарор хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ду рӯз пеш аз ширкат “Вориш” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, хатсайри Душанбе – Машҳад, ки бо оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон муваққатан қатъ шуда буд, азсар гирифта мешавад, вале барқарор шудани хатсайри Душанбе-Теҳрон маълум нест.

Аз ширкати “Сомон Эйр” ки дар масири Душанбе – Теҳрон парвоз анҷом медод ва баъди оғози ҷанг дар Ховари Миёна парвозҳояшро муваққатан қатъ карда буд, ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, мушаххас нест, ки парвозҳо дар ин хатсайр кай барқарор мешавад.

Бояд гуфт, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс рӯзи 28-уми феврал, бо ҳамлаи бедалели Амрикову Исроил ба Эрон, ки 40 рӯз давом кард, лағв шуда буд. Ду ҳафта пеш Эрону Амрико барои ду ҳафта оташбас эълон карданд ва рӯзи 21-уми апрел ин оташбас тамдид карда шуд. Ҳоло вазъ дар минтақа норӯшан боқӣ мондааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.