Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 44-сола аз ноҳияи Айниро бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш боздошт кардааст.
Ин ниҳод рӯзи 23-юми апрел навиштааст, ки ин хушдоман аз моҳи декабри соли 2023 то кунун нисбати келини 21-солааш муомилаи бераҳмона анҷом дода, “мунтазами шаъну эътиборашро паст задааст”.
Ба гуфтаи манбаъ, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, аввали моҳи апрели соли ҷорӣ, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.
Дар ҳоле ки назари гумонбар маълум нест, мақомот алайҳаш бо гумони ба худкушӣ расонидан (қисми 2 моддаи 109 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Баҳси муносибати келину хушдоман солҳост дар Тоҷикистон доғ аст. Иддае даъво доранд, ки аксари хушдоманҳо бо келинҳои худ муносибати ношоистаро раво мебинанд ва онҳоро чун хизматгор истифода мебаранд. Гурӯҳи дигар ба он андешаанд, ки муносибати келину хушдоман ин масъалаи оилавӣ буда, набояд ба баҳси оммавӣ кашида шавад.
Вале дар гузашта мақомот чанд хушдоманро барои ба худкӯшӣ расонидани келинҳояшон ба солҳои дароз зиндонӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Деваштич як занро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расонидани келини хонадон 5 сол равонаи зиндон карда буд.
Ҳамчунин, моҳи майи соли 2023 баъди чанд соли баҳсу баррасӣ, Додгоҳи олӣ хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ як наварӯс дар ноҳияи Файзободро барои хадкӯши расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон кард. Ин аз камтарин қазияи пурмаҷаро дар робита ба худкӯшӣ расонидани келин аз сӯи хушдоман буд.




