Трамп: Барои убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз иқдом мекунем. Эрон: Ба ҳар нерӯе, ки наздик шавад, ҳамла мекунем

Эрон мегӯяд посухи Амрикоро ба тарҳи 14-бандӣ дарёфт кардааст.

Идибеки Саид, asia+

Раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки барои убури киштиҳои дар тангаи Ҳурмуз бандмонда “иқдом” мекунад. Нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ таъкид карданд, мудирияти ин танга дар дасти онҳост ва ҳушдор доданд, ки ҳар нерӯи бегона агар ба он наздик шавад мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон мегӯянд, ба пешниҳоди худ аз сӯйи Амрико посух гирифтаанд ва дар ҳоли баррасии он ҳастанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби 3-юми май эълон кард, ки қасд дорад барои убури киштиҳои бандмонда дар тангаи Ҳурмуз “иқдом” кунад. Ӯ ин тарҳро “тарҳи озодӣ” ва иқдоми “башардӯстона” хонда, гуфт, субҳи душанбеи 4-уми май оғоз мешавад.

Трамп дар саҳифаи “Truth Social” навишт, “барои хайр ва салоҳи Эрон, Ховари Миёна ва Иёлоти Муттаҳида, ба ин кишварҳо (кишварҳое, ки киштиҳои онҳо дар ин гулӯгоҳ банд мондаанд – шарҳи идора) гуфтаем, ки киштиҳои онҳоро ба таври амн аз ин оброҳҳои маҳдудшуда ҳидоят хоҳем кард то битавонанд озодона ба фаъолияти худ идома диҳанд”. Ӯ ҳамчунин, аз “гуфтугӯҳои бисёр мусбат” бо Эрон хабар дод.

Ба таъкид ӯ, ин киштиҳо мутааллиқ ба кишварҳое ҳастанд, ки “ба ҳеҷ ваҷҳ даргири таҳаввулоти кунунии Ховари Миёна нестанд” ва изҳор доштааст, ки Амрико “талоши ҳаддиаксар”-ро барои хуруҷи амни киштиҳо ва сарнишинони онҳо “анҷом хоҳад дод”.

Раисҷумҳури Амрико ин иқдомро “як ҳаракати башардӯстона аз сӯи Амрико, кишварҳои Ховари Миёна ва ба вижа Эрон” хонда, гуфтааст, “бисёре аз ин киштиҳо бо камбуди ғизо ва дигар маҳсулоти зарурӣ барои сарнишинон рубарӯ ҳастанд”.

Трамп гуфтааст, ҳаргуна мудохила дар ин раванди башардӯстона “бо посухи қотеъ” рубарӯ хоҳад шуд.

Доналд Трамп, акс аз АР

Фармондеҳи марказии Амрико ё СЕНТКОМ эълом карда аст, ки барои иҷрои ин тарҳ “новшиканҳои муҷаҳҳаз ба мушаки ҳидоятшаванда, беш аз 100 чархболу киштӣ, паҳпод ва ҳудуди 15 ҳазор нерӯи низомӣ” сафарбар кардааст.

Эрон низ бо таъкид бар мудирияти тангаи Ҳурмуз ҳушдор дод, ки ин иқдом натиҷае намедиҳад.

Алӣ Абдуллоҳӣ, фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Эрон вокуниш карда, таъкид кард, ки “тангаи Ҳурмуз дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ мебошад ва дар ҳар шароите ҳаргуна убур ва мурури амн, бо ҳамоҳангии нерӯҳои мусаллаҳ сурат мегирад”.

“Ҳушдор медиҳем, ҳар нерӯи бегона, бахусус артиши мутаҷовизи Амрико, чунончӣ қасди наздик шудан ва фуруд ба тангаи Ҳурмузро дошта бошанд, мавриди ҳуҷум қарор хоҳанд гирифт”, – гуфтааст Алӣ Абдуллоҳӣ.

Алӣ Абдуллоҳӣ, акс аз манобеи боз

Ба таъкиди ӯ ин иқдоми Амрико “ҷуз печидатар шудани вазъият ва ба хатар афтодани амнияти шиноварҳо” натиҷае нахоҳад дошт.

“Мо бо тамоми тавон амнияти тангаи Ҳурмузро ҳифз ва пурқудрат мудирият мекунем ва ба тамоми киштиҳои тиҷорӣ ва нафткаш эълом мекунем, аз ҳаргуна иқдоме барои ҳаракати бидуни ҳамонҳангии нерӯҳои мусаллаҳи мустақар дар тангаи Ҳурмуз худдорӣ кунанд, то амнияти онҳо ба хатар наафтад”, – омадааст дар баёнияи Хотамуланбиё.

Иброҳим Азизӣ, раиси Кумитаи амнияти миллии порлумони Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс бо навиштаҳои мутаваҳҳимонаи Трамп мудирият нахоҳад шуд”.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон имрӯз гуфт, “ширкатҳои киштиронӣ хеле хуб медонанд, ки таъмини амнияти онҳо ҳамоҳангӣ бо Эронро тақозо мекунад”.

Ӯ афзуд, ки “Эрон нишон додааст, ки худро посдор ва нигаҳбони тангаи Ҳурмуз ва ин оброҳи муҳим медонад”.

Бояд гуфт, ҳудуди чоряк ҳиссаи нафти ҷаҳон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад.

Гуфтугузорҳо атрофи ин танга дар ҳоле аст, ки Эрон мегӯяд, посухи Амрико ба пешниҳоди 14-бандии худро аз тариқи Покистон дарёфт кардааст ва дар ҳоли баррасии он аст. Пешниҳоди Эрон чанд рӯз пеш боз ҳам тавассути Покистон ба Амрико ирсол шуд. Баъзе расонаҳо навиштанд, дар пешниҳоди ироакардаи Эрон зикр мешавад, ки “ба ҷанг хотима дода тангаи Ҳурмуз боз шавад, аммо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон баъдан музокирот идома ёбад”. Мақомоти расмии Эрон ва Амрико инро шарҳ надоданд, вале Доналд Трамп он пешниҳодро “ғайри қобили қабул” хондааст.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.