Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Сайфиддин Қараев, asia+

Моҳи апрели соли 2026 нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафта, сарбории молиявиро ба дӯши хонаводаҳо зиёд кард. Дар ин бора дар гузориши бозори Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон маълумот дода шудааст.

Бино ба маълумоти Барнома, нархи картошка дар моҳи апрел 23,4% болотар аз нишондиҳандаи миёна тайи панҷ соли охир буд. Сабаби асосии болоравии нарх кам шудани захираҳои зимистон пеш аз ба бозор ворид гардидани ҳосили баҳорӣ унвон мешавад.

Арзиши сабади миллии озуқаворӣ ба 1872 сомонӣ расид, ки 7,9% болотар аз сатҳи миёнаи панҷсола мебошад. Ҳамзамон сӯзишворӣ якбора қимат шуд: дар муқоиса бо моҳи гузашта бензин ба андозаи 6,6% ва сӯзишвории дизелӣ – 8,1% гарон шуд.

Дар созмон зикр мекунанд, ки фарқияти нарх дар минтақаҳо боқӣ мемонад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар сабаби каме ҷудоӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ ва маҳдудиятҳои марбут ба нақлиёт, хароҷот баландтар боқӣ монда, дар ҳамин ҳол, дар ноҳияҳои тобеи марказ дуршавии бештар аз меъёрҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудааст.

Қурби сомонӣ то 9,56 сомонӣ барои 1 доллар боло рафт, ки ба нигаҳдории хароҷоти воридот кумак кард. Аммо таъсири фишор ба нархҳо аз ҷониби пешниҳод идома дорад.

Мувофиқи пешгӯиҳо, дар баробари ба бозор ворид гардидани ҳосили нав ба бозорҳо, нархи картошка аз моҳи май ба поинравӣ оғоз мекунад. Агар болоравии нархи сӯзишворӣ идома наёбад, арзиши сабади озуқаворӣ низ метавонад ба эътидол ояд. Дар ҳамин ҳол, қобилияти харидории аҳолӣ мавриди нигаронист, зеро даромади хонаводаҳо ба зиёдшавии хароҷот камӣ мекунад.

Сабади озуқаворӣ интихоби шартии маҳсулоти асосиест, ки барои оила ё шахс дар як давраи муайян лозим аст: масалан, орду нон, равған картошка, биринҷу шакар ва дигар маҳсулоти заминавӣ.

Вақте мегӯем, ки арзиши сабади миллии озуқаворӣ ба 1872 сомонӣ расидааст, ин чунин маъно дорад, ки барои харидани ин маҷмӯи маҳсулоти асосӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 1872 сомонӣ масраф кардан лозим аст.

Мафҳуми “7,95 болотар аз сатҳи миёнаи панҷсола” чунин маъно дорад, ки маъмулан моҳи апрел тайи панҷ оли ахир ин маҷмӯи маҳсулот арзонтар буд. Ҳозир он нисбат ба  ҳисоби миёна дар солҳои пешин қариб 8% гаронтар аст.

Нисбати сӯзишворӣ бошад, ин чунин маъно дорад: дар муқоиса бо моҳи гузашта бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба таври назаррас гарон шуданд. Бензин ба андозаи 6,8% ва сӯзишвории дизелӣ – 8,1% қимат шуданд. Ин муҳим аст, чунки сӯзишворӣ на танҳо ба ронандагон дахл дорад. Агар бензину сӯзишвории дизелӣ гарон шаванд, боркашонӣ низ қимат мешавад, ки ин минбаъд метавонад ба болоравии нархҳо дар мағозаву бозорҳо боис гардад.

Дар гузориши моҳи апрели Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ танҳо картошка мустақиман номбар шудааст: он ба ҳисоби миёна 23,4% гаронтар дар моҳи апрел тайи панҷ оли охир буд. Ҳамчунин зикр шудааст, ки ба сурати умум сабади миллии озуқаворӣ , яъне маҷмӯи маҳсулоти заминавӣ то 1872 сомонӣ гарон шудааст.

Агар ба гузориши моҳи март муфассалтар назар андозем, дар он ҳамчунин дида мешавад, ки ба ҷуз картошка, боз нархи маҳсулоти зерин боло рафтаанд:  

— биринҷ — 5,9% болотар аз сатҳи миёнаи панҷсола;

— сабади озуқаворӣ ба сурати умум — 6,9% болотар аз сатҳи миёнаи панҷсола.

Дар муқоиса бо моҳи феврал нархи маҳсулот зерин низ каме боло рафтаанд: картошка +0,7%, биринҷ +0,6%, орди гандуми навъи олӣ +1,1%, орди гандуми нави 1-ум +1,5%, шакар (қанд) +1,4%, равғани растанӣ +1,8%.

Яъне молу маҳсулоти асосие, ки ба нархҳо ба таври назаррас фишор оварданд, картошка ва биринҷ мебошанд. Моҳи апрел болоравии бгосуръати нархи сӯзишворӣ илова шуд, ки метавонад минбаъд  низ ба арзиши боркашонӣ ва молу маҳсулот таъсир расонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.