Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон ва мудири кишвар дар Бонки осиёии рушд (БОР) Ҳоким Холиқзода изҳор дошт, ки лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ҳамчун як таркиби калидии стратегияи нави шарикӣ байни Тоҷикистон ва ин ниҳоди молиявӣ барои солҳои 2026–2030 муайян шудааст.
Зимни суханронӣ дар иҷлосияи тиҷоратӣ дар доираи Маҷлиси солонаи БОР дар Самарқанд ӯ хабар дод, ки Country Partnership Strategy-и бонк афзалиятҳои асосии рушди миллии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, бо ҳадафҳои дарозмуҳлати кишвар то соли 2030 мувофиқа карда шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон лоиҳаро ҳамчунин ба сифати ҳамгироии дарозмуҳлати минтақавии энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунанд.
Афзалиятҳои нави стратегияи БОР
Ба гуфтаи Холиқзода, стратегияи БОР барои солҳои 2026-2030 ҷанбаи васеи самтҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла рушди энергетика, захираҳои обӣ, зерсохтори нақлиёт ва логистика, инчунин дастгирии бахши хусусӣ.
Дар ҳуҷҷат ба тағйирёбии рақамӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, масоили тағйирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Ӯ таъкид дошт, ки БОР яке аз шарикони калидии Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои рушди устувор ва лоиҳаҳои зерсохторӣ боқӣ мемонад.
Вазъи макроиқтисодӣ ва ислоҳот
Холиқзода зикр кард, ки иқтисоди Тоҷикистон дар пасманзари хавфҳои дохилӣ, номуайянии вазъи ҷаҳон ва тағйирёбии муҳити хориҷии иқтисодӣ устувориро нигоҳ медорад.
Ба гуфтаи ӯ, рушди устувори иқтисод бо ислоҳоти идомадоштаи ниҳодӣ ва иқтисодӣ, ки ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, таҳкими фазои корӣ, густариши имконоти содиротӣ ва рушди бозори кор равона шудааст, дастгиӣ меёбад.
Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ба рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсоли молу маҳсулот бо арзиши иловашудаи баланд, инчунин тақвияти нақши бахши хусусӣ дар иқтисод нигаронида шудааст.
Рӯзномаи минтақавӣ ва хавфҳои беруна
Номбурда зикр кард, ки Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дастгирии БОР, ба иштирокаш дар лоиҳаҳои зерсохтори минтақавӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт идома медиҳад.
Дар баробари ин, ӯ ба хавфҳои боқимондаи беруна, аз ҷумла вазъияти шадиди сиёсати ҷаҳонӣ, низоъ дар Ховари Миёна, тағйирот дар бозорҳои молиявӣ ва энергетикӣ, инчунин ноқисиҳо дар занҷираҳои глобалии таҳвил ишора кард.
“Ин омилҳо талабот ба ҳамоҳангсозӣ бо ниҳодҳои байнулмилалии молиявиро барои нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ тақвият мебахшанд”, – гуфт муовини аввали сарвазири Тоҷикистон.
Холиқзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба дастгирии минбаъдаи БОР дар коҳиши таъсири хавфҳои беруна ва таҳкими устувории иқтисодии кишвар умедвор аст. Ӯ ҷонибдории ҳукуматро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд дар доираи марҳилаи нави шарикӣ тасдиқ кард.




