Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Тайландро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд. Ин рақобат имшаб дар доираи бозиҳои гурӯҳи “А”-и мусобиқа, ки ҳарду даста шомили он ҳастанд, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.
Голи якуми наврасони тоҷикро худи футболбозони Тайланд дар дақиқаи аввали бозӣ ба дарвозаи дастаашон ворид карданд. Дар дақиқаи охири рақобат (90+6) бошад, Парвиз Сангинов голи дуюми тими моро ба самар расонд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 4:0 Мянмарро ноком кард.

Пас аз анҷоми даври аввал Тоҷикистон ва Саудӣ бо 3 имтиёзӣ дар зинаҳои дуюм ва якум қарор доранд.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ миллипӯшони навраси тоҷик рӯзи 9-уми май бо ҳамтоёнашон аз Мянмар ва рӯзи 12 май бо Арабистони Саудӣ дидор анҷом медиҳанд. Ин бозӣ метавонад калидӣ шавад ва дар сурати пирӯзӣ, роҳ ёфтани тими Тоҷикистон ба даври минбаъдаи мусобиқа (плей-офф) қариб таъмин гардида, дастаро ба ҳадафи асосӣ – роҳхат гирифтан ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон наздик мекунад.




