Ҳамлаҳои шаби гузашта дар атрофи тангаи Ҳурмуз, ки пас аз 4 ҳафтаи оташбас миёни Эрон ва Амрико сурат гирифт, вазъро дар ин гулӯгоҳ шадидтар кардааст. Дар ҳоле, ки маълум нест, кадом тараф аввал ҳамлаҳоро оғоз кардааст, ду тараф якдигарро ба оғози ҳамла муттаҳам мекунанд.
Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё, ки мудирияти ҷанг дар Эронро ба уҳда дорад, мегӯяд, Амрико ҳамроҳи чанд кишвари минтақа ба як нафткашӣ эронӣ ва бандарҳои ин кишвар ҳамла кардаанд.
“Артиши мутаҷовиз, террорист ва роҳзани Амрико бо нақзи оташбас як нафткаши эронӣ ва дар ҳоли ҳаракат аз обҳои соҳилии Эрон дар минтақаи Ҷоск ба самти тангаи Ҳурмуз ва ҳамчунин як киштии дигар дар ҳоли вуруд ба тангаи Ҳурмузро рубарӯи бандари Фуҷайраи Иморот мавриди ҳадаф қарор доданд. Ҳамзамон манотиқи ғайринизомиро бо ҳамкории бархе аз кишварҳои минтақа дар соҳилҳои бандари Хамир, Сирик ва ҷазираи Қишм мавриди тааррузи ҳавоии худ қарор доданд”, – гуфтааст, сухангӯи ин қароргоҳ, ки матни онро расонаҳои Эрон нашр карданд.
Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки ҳамла ба бандарҳо хисороти ҷонӣ надоштанд.

Ин қароргоҳ изҳор доштааст, ки пас аз ин ҳамла, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон “билофосила ва дар иқдоми мутақобил” шиноварҳои низомии Амрико дар шарқи тангаи Ҳурмуз ва ҷануби бандари Чобаҳорро мавриди ҳуҷум қарор дода, “хисороти қобили таваҷҷуҳе ба онҳо ворид намуданд”.
Хотамуланбиё бо таҳдид ба Амрико ва муттаҳидони арабаш дар Ховари Миёна таъкид кардааст, ки Эрон ба ҳаргуна тааррӯз ва таҷовуз посухи кӯбанда медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати ҷанги Амрико ё Пентагон иддао кардааст, ки новшиканҳои амрикоӣ мавриди ҳамлаи мушакҳо, паҳподҳо ва қаиқҳои кӯчаки Эрон қарор гирифтанд.
“Амрико дар посух таъсисоти низомии Эрон аз ҷумла, маҳалҳои партоби мушак ва маркази фармондеҳиро ҳадаф қарор додааст”. – гуфтааст Пентагон.
Доналд Трамп, расиҷумҳури Амрико дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо, иддао кардааст, ки се новшикани амрикоӣ “бо муваффақият” ва “дар ҳоле, ки таҳти оташ қарор доштанд”, тангаи Ҳурмузро убур кардаанд. Дар ин баробар ӯ мегӯяд, ки ҳанӯз “оташбас барқарор аст”.
Ӯ дар навиштае дар саҳифаи “Truth Social”-и худ гуфтааст, ки ин се новшикан ҳеҷ осебе надидаанд. Иддаое, ки гузоришҳои тарафи Эрон баръакси онро нишон медиҳад.

Дар ин баробар, ҳамлаҳои шаби гузашта дар тангаи Ҳурмуз ба нархи нафт бетаъсир намонд ва пас аз ин ҳодиса се дарсад боло рафт ва ба 97 доллар барои ҳар бушка расид.
Дар ҳамин ҳол, субҳи 8-уми май расонаҳо аз ба кор даромадани бонги хатар дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гузориш медиҳанд.
Қаблан, мақомоти Эрон борҳо таъкид карда буданд, ки агар мушаххас кунанд, Иморот дар ҳамла ба Эрон нақш дорад, “посухи кӯбанда” медиҳанд.
Ин танишҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки тарафҳо аз баррасии тарҳи 14 бандии Эрон барои музокирот ва посухи Амрико ба ин тарҳ машғуланд ва аз эҳтимоли як музокира ҳарф мезананд.
Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.




