Дар даври аввали ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар беш аз 119 ҳазор довталаб сабтином кардаанд. Марҳилаи аввали бақайдгирӣ ба ММТ аз 2-юми март то 30-юми апрел идома кард ва даври дуюми сабтиноми довталабон 10-уми июн оғоз гардида, то 30-юми июн давом мекунад.
Абдулвосит Шодиниё, муовини аввали директори ММТ ба “Азия-Плюс” гуфт, шумораи умумии довталабони дар ин давр сабтиномшуда 119 ҳазору 175 нафар буда, 116 ҳазору 569 нафари онҳо хатмкунандагони синфҳои 11 ва литсейу коллеҷҳои касбӣ ва 2 ҳазору 606 нафари дигар хатмкунандагони синфи 9 буданд.
Ба қавли Шодиниё, нақшаи қабул барои соли таҳсили 2026-2027-ум дар умум 121 ҳазору 398 ҷо аст. Ӯ афзуд, теъдоди довталабоне, ки ба гурӯҳи ихтисосҳои панҷум, яъне тиб, биология ва варзиш ҳуҷҷат супоридаанд, аз дигар ихтисосҳо бештар аст.
Аммо ба қавли номбурда, агар таносуби ҷойҳои нақшавӣ ва теъдоди довталабонро ба назар гирем, дар ин сурат, теъдоди зиёди довталабон дар гурӯҳи ихтисосҳои сеюм – филология, педагогика ва санъат ҳуҷҷат супоридаанд.
“Дар фарқ аз солҳои пешин имсол теъдоди довталабон дар гуруҳи ихтисосҳои сеюм зиёд аст ва иштибоҳ намекунем, гӯем, ки таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои омӯзгорӣ сол аз сол зиёд мешавад”, – таъкид кард ӯ.
Барои даст кашидан аз иштирок дар ИМД ва бозпас гирифтани маблағ чӣ бояд кард?
Довталабоне, ки дар даври аввал барои иштирок ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд, вале мехоҳанд аз иштирок дар имтиҳон даст кашанд ва маблағи худро бозпас гиранд, имкон доранд, то 15-уми май бо ариза муроҷиат кунанд.

Ба қавли манбаъ, дар сурати пешниҳоди ариза барои бозпас гирифтани маблағ, 30 сомоние, ки ҳангоми сабтином харҷ мешавад, аз пули супоридашуда кам карда шуда, маблағи боқимонда бозпас дода мешавад.
Онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил мешаванд, то 30-юми июн имкони пешниҳоди ариза ва баргардонидани маблағро доранд.
“Азбаски озмун барои квотаи президентӣ охири моҳи май ё аввали моҳи июн баргузор мешавад, муҳлати пешниҳоди ариза то 30-юми июн муқаррар шудааст”, – афзуд Шодиниё.
Аммо, ба қавли ӯ, бо назардошти онки баъзе хароҷот то он лаҳза сурат мегирад, 80 сомонии дигар низ аз маблағи супоридашуда кам карда мешавад. Яъне 30 сомонӣ барои сабтином ва 80 сомонӣ барои хароҷоти дигари то он вақт суратгирифта – дар умум 110 сомонӣ камтар аз маблағи супоридашударо довталаб метавонад бозпас гирад.
Даври дуюм кай оғоз мешавад?
Ба иттилои манбаъ, даври дуюми бақайдгирии довталабон ба ММТ аз 10 то 30-юми июн сурат мегирад. Дар ин давра онҳое, ки дар даври авал имкони сабтином надоштанд, метавонанд худро ба қайд гиранд. Ҳамчунин, онҳое, ки мехоҳанд, ихтисосҳои интихобкардаашонро иваз кунанд, давоми ин 20 рӯз фурсати ивазкунӣ доранд.
Дар ин давр низ, довталабон ҳуҷҷатҳоеро, ки дар марҳилаи аввал талаб карда мешуд, бояд бо худ гиранд.
Ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар довталаб чиро бояд донад, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?





