Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи амали Брномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистонро барои давраи солҳои 2023-2028 тасдиқ кард. Қарор дар ин бора 28 апрели соли 2026 ба имзо расид. Ин марҳилаи дуюми Барномаи мазкур мебошад, ки нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2026-2028 дар назар дорад.
Мувофиқи замимаи қарор, нақша аз 9 банди асосӣ иборат ва чор самтро дар бар мегирад. Агар зербандҳои ҷудогона ба инобат гирифта шавад, ин ҷо сари тақрибан 15 чорабинии мушаххас сухан меравад. Арзиши умумии татбиқи нақша ба 888 млн 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 95 млн доллар) баробар аст. Аз ин маблағ ҷалби 105 млн 988 ҳазор сомонӣ аз шарикони рушд ва 782 млн 60 ҳазор сомонӣ – аз ҳисоби бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҷадвали ниҳоии молиявӣ ҷудогона зикр нашудааст.
Чорабиниҳои асосии нақша ба фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ, таҳияи заминаи меъёриву техникӣ, рушди зерсохтори таъминот бо нерӯ ва хадамот, роҳандозии ҷамъоварӣ ва коркарди аккумуляторҳо, инчунин афзоиши парки автобусҳои барқӣ (электробусҳо) дахл доранд.
Ғайр аз ин, мақомот ният доранд, ки нуқтаҳои махсуси хидматрасонии техникӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) таъсис диҳанд. Айни замон мувофиқи нақша, дар шаҳри Душанбе ду нуқтаи хидматрасонӣ ба электрмобилҳои BYD Service амал мекунанд. Дар марҳилаи дуюми барнома ифтитоҳи боз 10 адад ҷунин нуқта дар назар аст.

Моддаи аз ҳама серхарҷ омодагӣ ва истеҳсоли 210 адад автобусҳои барқӣ (электробусҳо) давоми солҳои 2026, 2027 ва 2028 ҳар сол 70 адад маҳсуб меёбад, барои он 714 млн 280 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Айни замон зикр мегардад дар санад, дар Душанбе 60 электробусҳои муосири AKIA ULTRA равуо доранд.
Фасли ҷудогона ба батаеряҳои аккумуляторӣ бахшида шудааст. Мақомот рушди зерсохтор барои ҷамъоварии батареяҳои коркардшуда, ҷудо кардани замин баҳри сохтмони иншооти марбута дар минтақаҳо, инчунин таҳияи технологияҳо барои безараргардонии аккумуляторҳо ва истифодаи такрории онҳоро дар нақша доранд.
Масъулияти амалисозии нақша ба дӯши Вазоратҳои нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, ВКД, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият, инчунин ширкатҳои энергетикӣ вогузор шудааст.
Вазорату кумита ва идораҳо ҳамасола то 15 январ бояд ба Вазорати нақлиёт дар бораи ҷараёни амалисозии нақша маълумот пешниҳод намоянд. Дар навбати худ, Вазорати нақлиёт то 15 феврал дар бораи рафти иҷрои чорабиниҳо ба ҳукумат ҳисобот медиҳад.





